Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иқтисодӣ дар байни ду давлат сар шуд. Барои пешсафиро аз даст надодан ШМА барои такмили ин асбобҳо корҳои зиёдро ба анҷом расонида, системаи транзисториро ҷорӣ намуданд. Баъд аз якчанд сол Япония дар саноати маҳаллии худ чунин системаи транзисториеро истифода бурд ва бо маҳсулоти худ қисми зиёди бозори ҷаҳонро забт намуд. Аммо дар ин давра ШМА чораҳои наверо оид ба такмили ин асбобҳо, ки "давраи ҳаёти"-и асбобҳои радиоро дароз менамуданд, ҷустуҷӯ карда, дар истеҳсоли он истифодаи нақшаҳои интегралиро ҷорӣ намуданд. Чунин иқдом боиси дар ҷаҳон паҳн шудани асбобҳои нави радио ва телевизорҳои ҳозиразамон гардид.

Мисолҳои зикршуда дар таърихи иқтисодиёти ҷаҳон хеле бисёранд. Таҷрибаи ҷаҳонии такмили молҳо нишон дод, ки вобаста ба воридшавии ин ё он мол ба бозори ҷаҳонӣ "давраи ҳаётии" онҳо аз даҳсолаҳо то садсолаҳо давом мекунад. Ин нуқтаи назарро ба эътибор гирифта, назарияи "давраи ҳаётии маҳсулот"-ро иқтисоддонҳои мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон барои ҳарчи бештар дароз намудани умри молҳои дар бозори ҷаҳонӣ эътирофшудаи худ то рӯзҳои мо истифода мебаранд.

Солҳои охир олимони ҷаҳон дар натиҷаи таҳлилҳои амиқ камбудиҳои зиёдеро дар ин назария нишон дода, оид ба дохил намудани пешниҳодоти нав баҳри такмили он кӯшиш ба харҷ доданд.

Масалан, мувофиқи ақидаи онҳо ин назария:

иттилооти пурра ва дақиқ дар бораи тавсифи миқдори мол дода наметавонад;

танҳо барои додани иттилоот оид ба тиҷорати молҳои мураккаби техникӣ истифода бурда мешавад;

истеҳсоли баъзе намудҳои молҳои гаронбаҳо ба монандӣ киштиҳои хусусӣ, мошинҳои сабукрави махсус бинобар истифодаи маҳдуд доштанашон танҳо дар ноҳияҳои ҷудогона истифода шуда, қобилияти дар ҷаҳон паҳншавӣ надоранд;

ШМА бо вуҷуди дар ҷаҳон машҳур будан ба пешсаф ва қудратноктар шудан кӯшиш менамоянд.

пешина
аз 785
навбатӣ