Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бинобар сифати хуб ва нархи арзон дар баробари дар бозори ҷаҳонӣ ишғол намудани ҷои муайян, инчунин дар бозорҳои чунин давлатҳои абарқудрат, ба мисли ШМА ва Япония низ эътироф шудаанд ва дар тиҷорати байни ин давлатҳо нақши бузурге доранд.

Марҳилаи 3. Марҳилаи сеюм - камолот дар бисёр ҳолатҳо раванди такрори ҷамъиятӣ номида мешавад. Дар натиҷаи афзудани истеҳсолот дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф давраи нав - давраи содироти мол аз давлатҳои рӯ ба инкишоф ба давлатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон оғоз мегардад. Бинобар арзон будани моли давлатҳои рӯ ба инкишоф дар бозори дохилии ШМА ширкатҳои американӣ ба рақобат тоб наоварда, аз истеҳсоли баъзе молҳо даст кашида, барои амалӣ намудани нақшаҳои нав оид ба молҳое, ки дар сатҳи баланди техникӣ истеҳсол карда мешаванд, шурӯъ менамоянд.

Марҳилаи 4. Таназзул. Бо мурури замон, вақте ки маҳсулот ба давраи таназзул мегузарад, омилҳое, ки дар давраи камолот пайдо шуданд, инкишофашон идома меёбад. Бозори ин навъи маҳсулот аз давлатҳои рӯ ба инкишоф дида, дар давлатҳои мутараққӣ тезтар таназзул меёбад, зеро истеъмолкунандагони даромадашон баланд, бештар молҳои нав ба навро харидорӣ мекунанд. Дар ин ҳолат омилҳои бозорӣ ва арзишӣ тамоми истеҳсолотро маҷбур месозанд, дар давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷойгиронида шуда, маҳсулоти худро аз бозори тангшудаистодаи мамлакатҳои мутараққӣ содирот кунанд.

Дар таърихи робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакатҳои ҷаҳон мисолҳои бисёреро оид ба тиҷорати молҳои алоҳида овардан мумкин аст, ки онҳо дар асл ин чор давраро аз сар гузаронидаанд. Масалан, ҷараёни равнақу ривоҷи истеҳсолоти электроника ба ин мисол шуда метавонад.

Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ШМА аз ҷиҳати истеҳсоли асбобҳои радио дар ҷаҳон хеле машҳур гашта буданд. Дар ин солҳо Япония стратегияи иқтисодии худро муайян намуда, дар натиҷаи истифодаи қувваи арзони корӣ дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ чунин асбобҳои радиоро дар бозори ҷаҳон паҳн намуд, ки онҳо аз ҷиҳати сифат аз асбобҳои ШМА бартарӣ доштанд. Ҳамин тариқ, рақобати

пешина
аз 785
навбатӣ