Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар байни давлатҳои ба дараҷаи миёнаи тараққиёт расида шумораи беҳад зиёди захираҳои меҳнатӣ соли 1999 дар Хитой (844 млн. аз шумораи умумии 1 249,7 млн. нафар аҳолӣ), Ҳиндустон (609 млн. аз шумораи умумии 997,5 млн. нафар аҳолӣ), Индонезия (133 млн. аз шумораи умумии 207 млн. нафар аҳолӣ), Бразилия (110 млн. аз шумораи умумии 168, 1 млн. нафар аҳолӣ), Россия (101 млн. аз 146,5 млн. нафар аҳолӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ шумораи захираҳои меҳнатии давлатҳои номбурда аз захираҳои меҳнатии тамоми давлатҳои боқимондаи ҷаҳон зиёд мебошад.
Аз байни давлатҳо аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон, ки мувофиқи тақсимоти нав онҳоро ба гурӯҳи давлатҳои дорои сатҳи баланди инкишофи потенциалии (иқтидори) инсон дохил мекунанд, бо миқдори 179 млн. нафар аз шумораи умумии 279,9 млн. аҳолӣ ШМА пешсаф мебошад.
Мувофиқи рақамҳои ҷадвали № 25 бо шумораи 87 млн. нафар аз 128,6 млн. аҳолӣ Япония ҷои 7-ум, бо шумораи 56 млн. нафар аз 82 млн. аҳолӣ Германия ҷои 8-ум, бо шумораи 60 млн. нафар аз 97,4 млн. аҳолӣ Мексика ҷои 9-ум ва бо шумораи 46 млн. нафар аз 76,8 млн. аҳолӣ Филиппин ҷои 10-умро ишғол менамояд.
Соли 2000 захираҳои меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3192 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки 52%-и шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Бо нишондиҳандаи захираҳои меҳнатӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои 132-ро ишғол менамояд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои дунё вобаста ба шумораи зиёди наврасон ҷавонтарин давлат ба шумор меравад. Соли 1998, агар ҷавонони то синни 4-сола 815530 нафар ташкил дода бошанд, аз синни 5 то 9-сола 909851 нафар ва аз 10 то 14-сола 820060 нафарро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ наврасони танҳо ин се гурӯҳ, ки 2545441 нафарро ташкил намуданд, ки 41,5%-и аҳолии умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
Даҳсолаҳои охир дар илми иқтисодиёти ҷаҳон мафҳумҳои нав вобаста ба шуғли аҳолӣ пайдо шуданд, ки созмонҳои байнамилалӣ онҳоро ба сифати ченаки муайян намудани сатҳи ташаккулёбии инсон васеъ истифода мебаранд;
Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол. Таҳти мафҳуми аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол як қисми аҳолиро дар назар доранд, ки бо пешниҳоди қувваи кории худ, дар давраи муайян истеҳсоли мол ва хизматрасониро анҷом медиҳад. Аз ин ҷиҳат, таҳти мафҳуми аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол дар маҷмӯъ қувваи кории дар иқтисодиёт фаъолияткунанда ва бекорони қобили меҳнат дар назар дошта мешавад.
Аз соли 1992 инҷониб сохторҳои идораҳои марказии омории давлатҳои навбунёд низ ба бақайдгирии шумораи бекорон шурӯъ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор