Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сатҳи маълумоти захираҳои меҳнатӣ. Тадқиқотҳои Барномаи рушди СММ нисбати сатҳи маълумотнокии аҳолии давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, ки дар ҳисоботи солонаи худ "Оид ба тараққиёти инсон дар соли 2000" чоп намудааст, нишон медиҳанд, ки дар бахши сатҳи маълумотнокии аҳолии калонсол дар байни давлатҳои қитъаи ҷаҳон баъд аз давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ба дастовардҳои бузург давлатҳои Осиёи Шарқӣ - 96,9%; 99,7%; давлатҳои ҷанубу Шарқии Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором - 89,3%; 96,9% ва давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва минтақаи Қариб - 87,7%; 93,7% муваффақ шуданд.

Бояд қайд намоем, ки дар маълумотҳои доир ба маорифи СММ дар байни 174 мамлакати ҷаҳон баъд аз 23 давлати тараққинамудаи ҷаҳон соли 1998 бо нишондиҳандаҳои сатҳи маълумотнокии аҳолии калонсол ва ҷавонон Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосае (ҷои 24-ум)-ро ишғол менамояд. Агар нишондиҳандаи сатҳи маълумотнокии аҳолии калонсол (аз 15-сола боло) аз сад 99%-ро ташкил дода бошад, пас сатҳи маълумотнокӣ дар байни ҷавонон (аз синни 15 то 24-сола) аз сад 99,8%-ро ташкил намудааст. Факту рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бо вуҷуди вазъи сиёсии мамлакат сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба бӯҳрони иқтисодӣ солҳои 1992-1997 дучор шудани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли солҳои пеш ба соҳаи маорифи Тоҷикистон эътибори махсусе зоҳир менамояд. Дар баробари тасдиқи барномаҳои нави омӯзиши фарзандон, ки мувофиқи он ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамон эътибори махсусе дода шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи донишкадаҳои олии махсусгардонидашуда то ба 44 адад расонида шудааст.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон сатҳи баланди маълумоти умумии аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол нигоҳ дошта шудааст. Зиёда аз чор се ҳиссаи аҳолии дар хоҷагии халқи мамлакат фаъолияткунанда маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус дорад. Дар аввали соли 2001 дар мамлакат зиёда аз 3171 нафар кормандони илм, аз ҷумла 601 нафар докторҳои илм, 2570 нафар номзадҳои илм кор ва фаъолият менамоянд.

пешина
аз 785
навбатӣ