Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бозори ҷаҳонии меҳнат ва мигратсияи байналхалқии қувваи корӣ Имрӯзҳо, вақте ки мо дар бораи бозори ҷаҳонии меҳнат сухан меронем, бояд хуб дарк намоем, ки ин бозор аз бозорҳои ҷаҳонии ашёи хом ва ё молҳои махсусгардонидашудаи саноатӣ, хӯрокворӣ куллан фарқ мекунад.
Дар иқтисодиёт дар мафҳуми мигратсияи байналхалқии меҳнат муҳоҷирати шумораи муайяни аҳолиеро дар назар доранд, ки бо мақсади ёфтани кор ва дарёфти музди меҳнати бештар нисбат ба кишвари худ ба давлатҳои дигар сафар мекунанд. Имрӯзҳо дар ҷаҳон ду гурӯҳи мигратсияи иқтисодиро бояд фарқ намуд:
эмигратсияи меҳнатӣ — аз мамлакат ба мӯҳлати дароз ва ё барои истиқомати доимӣ баромада рафтани қувваи қобили кор;
иммигратсияи меҳнатӣ — қабули қувваи қобили кор аз давлатҳои хориҷӣ.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мигратсияи қувваи кориро вобаста ба мақсад ва мӯҳлат ба 6 гурӯҳ тақсим менамоянд:
-
Бебозгашт — мигрант барои истиқомати доимӣ ба давлати қабулкунанда муҳоҷират мекунад;
-
Муваққатӣ — мӯҳлати кору истиқомат дар мамлакати хориҷӣ аслан аз 6 моҳ то 1 сол маҳдуд карда мешавад;
-
Мигратсияи мавсимӣ — вобаста ба авҷи кор дар давраи маҳдуди фасли сол (дар соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ, соҳаи хизматрасонӣ) — мӯҳлати кор аз 3 моҳ то 1 сол муайян карда мешавад.
-
Мигратсияи мокувор — аҳолӣ бо мақсади кор ва ё хариди мол аз сарҳад гузашта, ҳамон рӯз ба давлати худ бармегардад. Мигрантҳое, ки бо мақсади кор сарҳадро гузашта, баъд аз кор ба ватани худ бармегарданд, коргарони фронталӣ ном доранд.
-
Қочоқӣ — бо мақсади ёфтани кор ғайриқонунӣ ба ҳудуди давлати дигар дохил шудан; туристҳое, ки қонунӣ вориди давлати дигар шуда, дар мӯҳлатҳои муайяншуда барнамегарданд, низ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
-
"Ихроҷи ақлҳо" — мигратсияи байналхалқии кадрҳои баландихтисос (олимон, мутахассисони нодир, ситораҳои санъат ва варзиш)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор