Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳамин тариқ, ба ақидаи М. Портер омилҳои асосие, ки мувофиқи онҳо дараҷаи инкишофи тиҷорати хориҷии имрӯзаро муайян менамоянд, инҳоянд:
• омилҳои махсус;
• таъмини шароити лозима барои қонеъ гардонидани талабот;
• соҳаҳои наздик ва хизматрасонӣ;
• стратегияи ширкат ва рақобат.
Омилҳои асосии дар боло зикргардидаро дар алоҳидагӣ шарҳ медиҳем:
а) дар ҷамъият омилҳои махсусе амал мекунанд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ дар натиҷаи дуруст ва самаранок истифода бурдани онҳо тараққиёти босуръати соҳаҳои истеҳсолот, соҳаҳои хизматрасонӣ ва беҳбудии зиндагии миллат дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ таъмин карда мешавад.
Маҳдуд будани замини Япония олимони онро водор намуд, ки барои таъмини протсессҳои муттасили истеҳсолот тартиби қатъии кафолати сари вақт расонидани ашёи хом ва молҳои истеҳсолшударо таҳия намоянд.
Чунин мисолҳо беҳад бисёранд. Масалан, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бо сабаби нарасидани қувваи корӣ Ҳукумати Швейтсария барои ҳарчи тезтар ба роҳ мондани соҳаҳои саноати худ роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнатро пеш гирифта буд.
б) муҳайё намудани шароити зарурӣ барои қонеъ намудани талабот яке аз омилҳои асосии суръатбахшии пешрафти иқтисодиёт (ҷамъият) ба ҳисоб меравад.
Мазмуни асосии он таъмин намудани тамоми талаботи бозори дохилие мебошанд, ки дар маҷмӯъ, агар онҳо аз як тараф, инкишофёбии ширкатҳои амалкунандаро таъмин кунанд, аз тарафи дигар, шароити ҳарчи бештар мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодии онҳоро дар бозорҳои ҷаҳонӣ фароҳам меовард.
М.Портер яке аз омилҳои асосии суръатбахшандаи истеҳсолотро дар таъмин намудани тамоми талаботи бозори дохилӣ мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё