Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Масалан, япониҳо барои тоза намудани ҳавои хона аз асбоби махсуси миллие (аз дарахти най ва об), ки он дар самти вазидани шамол ҷойгир карда мешавад, истифода мебурданд. Баъдтар ин асбобро такмил дода, дар натиҷаи истифодаи бодкашаҳои барқӣ кондитсионерои ҳаҷман начандон калонро ихтироъ карданд. Ин ихтироот оҳиста-оҳиста дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи кондитсионер миллиардҳо доллари ШМА фоида овард.
Бояд зикр кард, ки давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон сохторҳои махсусе бунёд намуданд, ки вазифаи асосии онҳо аз қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвари худ ва ҷаҳон иборат мебошад.
Масалан, дар натиҷаи хулосаҳои онҳо дар ШМА суръати баланди ҳаракати ҷамъият ва вақти ками аҳолиро ба назар гирифта, истеҳсоли асбоби махсуси тез пухтани хӯрокро ҷорӣ намуданд. Ин усул дар мӯҳлати кӯтоҳ дар ҷаҳон паҳн шуда, сабабгори асосии зиёдшавии содироти технологияи америкой гардид.
в) истеҳсоли молҳои дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат бе кӯмак ва дастгирии соҳаҳои ба ҳам наздик ва хизматрасон тараққӣ карда наметавонад.
Масалан, сифати баланди маҳсулоти ширкатҳои италиягӣ, ки ба истеҳсоли ҷавоҳирот аз тилло машғуланд ва маҳсулоти онҳо дар ҷаҳон хеле машҳур аст, бевосита аз дастгоҳҳои коркарди сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои рангаи истеҳсоли Италия вобастагӣ дорад.
Фирмаҳои Тошиба, Сони, Санё, Панассоник, JVC-и Япония, ки дар ҷаҳон хеле машҳуранд, 90 фоизи маҳсулотро бо истифодаи роботҳое, ки бевосита дар Япония ихтироъ шудаанд, истеҳсол менамоянд.
г) стратегияи ширкатҳо ва мавҷудияти рақобат.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки тамоми ширкатҳои дар ҷаҳон амалкунанда дар масъалаи ба роҳ мондани кори худ хусусиятҳои хоса доранд.
Масалан, идора намудани ширкатҳои италиягие, ки бевосита ба истеҳсоли мебел, асбобҳои электротехникӣ машғуланд, бе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё