Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Барои аз чунин вазъият баровардани мамлакат Ҳукумати Япония соли 1998 ба татбиқи барномаи устуворшавии системаи бонкӣ шурӯъ кард, ки барои амалӣ шудани он дар солҳои 1999-2000 170 миллиард доллари ШМА ҷудо намуд.

ШМА чун солҳои пеш дар даҳсолаҳои охири асри ХХ низ пешсафиро аз даст додан намехост. Имрӯзҳо саноати ШМА зиёда аз се ҳиссаи тамоми маводи хоми дар ҷаҳон истеҳсолшавандаро коркард мекунад ва дар ҷаҳон бо бозори таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ машҳур аст. ШМА ҳар сол зиёда аз 40% талаботи давлатҳои рӯ ба инкишоф ро бо воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти соҳаи мошинсозӣ таъмин менамояд.

Ба корпорацияҳои бузурги ШМА дар миқёси ҷаҳон, бидуни Россия, ягон давлати дигари дунё дар истеҳсоли ҳавопаймо ва таҷҳизоти кайҳон, компютерҳои пуриқтидортарин, схемаҳои интегралии навтарин ва нимноқилҳо, таҷҳизоти лазерӣ, воситаҳои алоқа ва биотехнология баробар шуда наметавонад.

ШМА яке аз давлатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маҳсулоти замонавии илмталаб дар ҷаҳон ба шумор меравад. Соли 1990 ҳиссаи ШМА дар ҷаҳон 36%, Япония - 29%, Германия 9,4%-и истеҳсоли чунин маҳсулотро ташкил мекард. Чунин дараҷаи баланди истеҳсоли маҳсулоти замонавии илмталабро ШМА дар натиҷаи сафарбар кардани сармояи зеҳнии ватанӣ ва дар истеҳсолот татбиқ намудани кашфиёти илмию техникии давлатҳои дигари ҷаҳон ба даст оварда шудааст.

Ҳукумати ШМА ҷиҳати рақобати ҷиддӣ бо Япония маблағи буҷети давлатиро барои корҳои илмию тадқиқотӣ дареғ намедошт.

Рақамҳои ҷадвали №30 нишон медиҳанд, ки хароҷоти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҳар сол аз як то се фоизи ММД-ро ташкил менамояд. Яке аз марказҳои пуриқтидори илмию техникӣ дар байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар ШМА бунёд карда шудааст. Соли 1998 хароҷоти умумии ШМА барои инкишофи илму техника 450,9 млрд. долларро ташкил намуд, ки ин маблағ ба ҳар сари аҳолии ШМА 680,9 долларро ташкил медод (барои муқоиса дар Россия соли 1998 маблағи хароҷоти давлат барои илму техника

пешина
аз 785
навбатӣ