Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамагӣ 0,86% ММД ва ба ҳисоби ҳар сари аҳолӣ бошад, ҳамагӣ 36,5 долларро ташкил кард).

Ҷадвали №30

Нишондиҳандаҳои иқтидори илмию техникии
мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон
(соли 1998)

| Давлатҳо | Хароҷоти умумӣ
барои илм
(млрд. доллари
ШМА) | Фоиз
нисбати
ММД | Хароҷот
барои илм ба
ҳисоби ҳар
сари аҳолӣ
(доллари
ШМА) | Шумораи
мутахассисони
илмӣ ба ҳар 10
ҳазор аҳолии
қобили меҳнат |
| :--- | :---: | :---: | :---: | :---: |
| ШМА | 450,9 | 5,4 | 680,9 | 962,7 |
| Британияи
Кабир | 71,0 | 5,3 | 364,8 | 135,0 |
| Германия | 99,8 | 4,8 | 466,6 | 240,8 |
| Франция | 85,6 | 6,0 | 466,1 | 137,6 |
| Италия | 55,7 | 4,9 | 221,6 | 74,4 |
| Япония | 142,8 | 3,5 | 654,5 | 526,5 |

Дар баробари ШМА Япония аз ҷиҳати маблағҳои барои таъмини пешрафти илм равонакардашуда дуюмин давлати дунё ба шумор меравад. Соли 1998 ҳаҷми хароҷот барои илм 142,8 млрд.
доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳар сари мутахассис 526,5 долларро ташкил менамояд. Аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин соҳа Германия, Франция, Англия ва солҳои охир Италия маблағҳои зиёд сарф кардаанд. Масалан, пешрафти илму техника Германияро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарини солҳои баъдиҷангӣ ба яке аз давлатҳои пешқадамтарини дунё табдил дод ва кишвари начандон калони Франция бошад, ба шарофати рушди босуръати илму техника соҳиби яроқи ядроӣ гардид.

Сатҳи баланди давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро нишондиҳандаи дараҷаи қобилияти харидории асъори миллии ин давлатҳо дар муқоиса бо давлатҳои гурӯҳҳои дигар баръало нишон медиҳад.

Агар соли 1997 ин нишондиҳанда дар миқёси ҷаҳон 5,7 ҳазор
долларро ташкил дода бошад, ин рақам дар давлатҳои Иттиҳоди

пешина
аз 785
навбатӣ