Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Далелу рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли 30 соли охири асри XX пешрафти мӯътадили иқтисодии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бешубҳа таъмин карда шудааст.
Лекин бояд қайд намуд, ки солҳои охир чӣ ҳаҷми умумии ММД-и давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ва чӣ ҳаҷми ММД-и давлатҳои алоҳида рӯ ба пастравӣ ниҳодаанд. Сабаб дар он буд, ки бо истифодаи харҷи бештари таҷҳизоти технологии компютерӣ тамоили ҳаракати қисми зиёди қувваҳои корӣ аз соҳаҳои дорои дараҷаи баланди ҳосилнокии меҳнат, ба соҳаҳое, ки дар онҳо дараҷаи нисбатан пасти ҳосилнокии меҳнат вуҷуд дошт, сар шуда буд.
Чунин тамоил дар нимаи дуюми асри XX дар саноати аз нав коркарди давлатҳои ғарб боиси татбиқи ҷараёни кӯтоҳкунии вақти корӣ оварда расонд.
Масалан, дар ин давра дар Европаи Ғарбӣ вақти корӣ зиёда аз 20% кам шуд, ки ин нишондиҳанда дар Япония 5%, дар ШМА бошад, бетағйир монд.
Чунин амал боиси он гардид, ки давлатҳои зиёди Европаи Ғарбӣ тавофути дар сатҳи ҳосилнокии меҳнат ҷойдоштаро хеле кам намуда, пешрафти босуръати иқтисодиёти мамлакати худро дар ин давра таъмин карда тавонистанд.
Дар иқтисодиёти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар тӯли солҳои 1990-2000 бо вуҷуди якбора пастравии иқтисодиёт устуворшавии ҷараёни иҷтимоию иқтисодӣ баръало мушоҳида карда мешуд.
Баъд аз камшавии иқтидори истеҳсолии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, агар ШМА пешрафти иқтисодии мамлакати худро аз соли 1992 таъмин карда тавониста бошад, пас дар давлатҳои Иттиҳоди Европа танҳо баъд аз соли 1994 вусъатёбии иқтисодиёт мушоҳида карда мешуд.
Пас аз мӯътадил гардидани пешрафти иқтисодии Япония, аз соли 1998 сар карда бо сабаби авҷгирии бӯҳрони иқтисодии давлатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё дар иқтисодиёти ин кишвар тамоили пастравӣ мушоҳида карда мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор