Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Давлатҳои Мустақил 3,1 ҳазор доллари амрикоӣ, дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ 5,5 ҳазор доллари ШМА, дар давлатҳои рӯ ба инкишоф 3-15 ҳазор доллари ШМА ва дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон 21,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил намудааст. Чунин дараҷаи баланд, ки нисбати нишондиҳандаҳои ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии ҷаҳон 3,7 маротиба зиёд аст, дар қаламрави давлатҳои тараққикарда гирд овардани қисми асосии истеҳсолоти ҷаҳониро ифода мекунад.

Барои фаҳмотар шудан нишондиҳандаҳои зерин ба мо кӯмак мерасонанд.

Соли 1997 ба 840,5 млн. аҳолии давлатҳои мутараққии ҷаҳон (14,2% аҳолии дунё) дар ҳаҷми 18070 млрд. доллари ШМА маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 52,8%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти ҷаҳониро ташкил мекунад.

Албатта, чунин дараҷаи баланди рушди иқтисодӣ зуд ба даст наомадааст. Он як давраи муайяни таърихиро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни он пастию баландиҳои зиёде паси сар шуда, ин пешравиҳо бинобар мавқеи хуби ҷойгиршавии захираҳои табиӣ, ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ, сафарбар кардани захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ноил шуданд. Давлатҳои алоҳидаи ин гурӯҳ, ба мисли ШМА, Канада, Швейтсария, Шветсия, Австралия, Зеландияи Нав, ки ҳудуди онҳо аз Ҷанги дуюми ҷаҳон эмин буд, шароити баамаломадаро ба манфиати иқтисодиёти худ истифода бурданд ва дар мадди аввал саноати вазнин, инчунин баъдан саноати сабук ва коркарди маҳсулоти хоҷагии халқро ба роҳ монда, барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти худ шароит фароҳам оварданд.

Ба пешрафти иқтисодиёти давлатҳои минтақаи Араб баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, афзудани талабот ба нафту сӯзишворӣ сабаб шуд. Ба рушди Гонконг, Тайван ва Сингапур дар баробари дигар шудани сиёсати хориҷии Хитой кӯмаки ШМА, Япония ва Англия бо мақсади ҳарчи бештар ба системаи хоҷагидории капиталистӣ ҷалб кардани роҳбарияти Хитой таъсир расонид. Садҳо миллиард доллари

пешина
аз 785
навбатӣ