Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ИМА барои бунёди корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми Ҷумҳурии Халқии Хитой равона карда шуданд.
Умумияти миллии ин се нимҷазираи хурдро бо Хитой истифода бурда, Британияи Кабир, ИМА ва Япония барои бунёди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Халқии Хитой сармояи хориҷӣ ва таҷҳизоти техникии замонавиро дареғ намедоштанд.
§ 13.2. Фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳои
тараққикардаи ҷаҳон
Таҳлили тараққиёти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад, ки пешрафти иқтисодии онҳо танҳо баъд аз амалӣ намудани тадбирҳои андешидаи ҳукуматҳои онҳо оид ба либерализатсияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст омадааст.
Дар асоси либерализатсияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ кулли давлатҳои капиталистии ҷаҳон тамоми монеаҳои садди ҳаракати мол ва ашёи хом вуҷуддоштаро бардошта, иқтисодиёти мамлакати худро ҳамчун модели нави "иқтисодиёти озод" ба тамоми ҷаҳониён эълон намуданд.
Принсипи "иқтисодиёти озод" дар асл барои тамоми давлатҳои ҷаҳон набуд. Ин давоми сиёсати "дарҳои пӯшида"-и ҷаҳони капиталистӣ буд, ки вусъатёбии робитаҳои иқтисодии хориҷиро аслан барои давлатҳои ҷаҳони капиталистӣ, аз ҷумла бештар барои давлатҳои Европаи Ғарбӣ пешбинӣ менамуд.
Бинобар ин қисми зиёди робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои тараққикарда дар шаклҳои гуногун бештар байни худи онҳо амалӣ мешуду халос.
ИМА, Англия баъд аз шикаст хӯрдани Германияи фашистӣ дар асоси барномаҳои ислоҳоти баъдиҷангӣ ба давлатҳои Европаи Ғарбӣ тамоми имтиёзҳоро муҳайё намуда, дар асоси қарзҳои дарозмуддат ба азнавсозии истеҳсолоти валангори онҳо шурӯъ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор