Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Истеҳсолоти давлатҳои Европа бо таҷҳизоти пешқадамтарин ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешуд. Дар натиҷа дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ кулли давлатҳои ҳозираи тараққикардаи ҷаҳон ба давлатҳои истеҳсолкунандаи моли тайёр табдил ёфта, қисми зиёди давлатҳои аз ҷиҳати техникӣ қафомондаи ҷаҳонро маҷбур сохтанд, ки ба истеҳсоли ашёи хоми ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон зарурбуда шурӯъ кунанд. Аз тарафи дигар, давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон тамоми имкониятҳои дохилии мамлакатҳои худро истифода бурда, даҳсолаҳои аввали баъдиҷангӣ сиёсати худтаъминкунии пурраи мамлакат бо хӯрокворӣ ва бештар бо ашёи хомро пеша гирифтанд. Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои саноати вазнин, саноати сабук ва соҳаи кишоварзӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ (бидуни Япония) ба мақсади худ ноил гаштанд.

Аммо чораҷӯйҳо оид ба сафарбар намудани захираҳои дохилӣ маънои ҷудоии иқтисодии пурраро надошт. Баръакс, бо инкишофи иқтисодиёти давлатҳои тараққикардаи дунё рӯз аз рӯз эҳтиҷоти онҳо ба бозори давлатҳои дигари ҷаҳон, ба манбаъҳои нави ашёи хом зиёд мешуд.

Бояд зикр кард, ки дар нимаи дуюми асри XIX зиёда аз 90%-и мол ва маҳсулоти истеҳсолшуда танҳо дар ҳудуди як қитъаи ҷаҳон хариду фурӯш мешуд, дар нимаи дуюми асри XX бошад, зиёда аз 3/4 ҳиссаи мол ва маҳсулоти истеҳсолшуда берун аз ҳудуди давлатҳо ва минтақаҳо фурӯхта мешуд. Аз ин нуқтаи назар мавқеи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, пеш аз ҳама, дар ҳаҷми муомилоти моли хориҷии онҳо барҷаста дида мешавад. Дараҷаи баланди афзоиши солонаи савдои хориҷӣ (9%) дар солҳои 1950-60-ум мушоҳида карда шудааст. Суръати баланди соҳаҳои гуногуни истеҳсолоти давлатҳои тараққинамуда сол аз сол боиси афзоиши муомилоти байнидавлатӣ гардида, ҳиссаи онҳоро дар муомилоти ҷаҳонӣ зиёд менамуд. Агар соли 1970 ҳиссаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар ҳаҷми содироти ҷаҳонӣ 71,4%-ро ташкил намуда бошад, пас соли 1980 - 62,8%, соли 1990 - 75,7%, 1995 - 69,0%, соли 1998 - 72,4%-ро ташкил намудааст. Мову шумо натиҷаи гуфтаҳои болоро дар мағозаҳои пур аз моли

пешина
аз 785
навбатӣ