Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
давлатҳои ҷаҳон мебинем, истифода мебарем ва ба ҳамаи мо ин масъала масъалаи дуюминдараҷа шуда мондааст.
Зиёда аз 70%-и молҳои истеҳсоли Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Германия, Хитой, Ҳиндустон, Гонконг, Сингапур, Малайзия қариб тамоми бозорҳои давлатҳои ҷаҳонро азхуд намуданд. Экспансияи (ғасби) бозорҳои дохилии мамлакатҳои алоҳида агар аз як тараф, бо номгӯи зиёди молҳои рӯзгор, асбобҳои барқӣ, пӯшок ва маводи ғизоӣ анҷом дода шавад, аз тарафи дигар, дар даҳсолаҳои охири асри XX бо роҳи бунёди корхонаҳои муштарак, ё ҷойгиркунии қисми корхонаҳои азими худ бо мақсади пурра қонеъ кунонидани талаботи аҳолии минтақаҳои муайян амалӣ шуда истодааст. Ва мо бояд бигӯем, ки бисёр давлатҳои рӯ ба инкишоф роҳи дигаре ба ҷуз бунёди ин гуна корхонаҳо надоранд. Гап дар сари он аст, ки имрӯз, яъне дар ибтидои асри XXI бештари ширкатҳои машҳури давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, кадом давлате, ки аз паи мустақилона бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ (масалан, истеҳсоли телевизор, радио, молҳои рӯзгор ва ғайра) шавад, албатта, дере нагузашта, дар натиҷаи бо молҳои пастсифату гароннархи худ дар бозори ҷаҳонӣ рақобат карда натавонистанаш муфлис мешавад.
Аммо ин хулосаи мо маънои онро надорад, ки мо имрӯз танҳо нигарони истеҳсолоти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон шавем, баръакс, аз чунин имкониятҳои пешрафти баланди техникӣ истифода бурда, соҳаҳои махсуси илми ватанӣ, зиёиёни ватаниро ба он сафарбар кунем, ки оид ба боз ҳам такмил додани микросхемаҳои компютерҳо, телевизору радио, асбобҳои дигари рӯзгор тадбирҳо андешида, аз дараҷаи имрӯзаи техникии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон пеш гузаранд.
Тараққиёти давлатҳои дунё гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати
"иқтисодиёти озод"-и ҷаҳони капиталистиро бештар давлатҳои
начандон бузурги Европаю Осиё истифода ва татбиқ намуданд. Дар
натиҷаи истифодаи дурусти боигарии мамлакат ва сармояи хориҷӣ
онҳо дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ тавонистанд, ки дар тамоми соҳаҳои
хоҷагии худ ба ҳосилнокии баланди меҳнат ноил шуда, дар баробари
пурра қонеъ кунонидани талаботи аҳолии худ бо мол ва маҳсулоти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор