Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ватанӣ, дар бозорҳои давлатҳои дигари ҷаҳон мавқеи мустаҳкамро ишғол намоянд.

Агар дар даҳсолаҳои аввали баъди татбиқи сиёсати "иқтисодиёти озод" ҳаҷми умумии содирот ва воридот дар Англия 45%, Япония 30%, Франция 35%-ро нисбат ба мол ва маҳсулоти дар ин давлатҳо истеҳсолшуда ташкил намуда бошад, пас имрӯзҳо дар ибтидои асри XXI ин нишондиҳанда аз нисф зиёди мол ва маҳсулоти истеҳсолшудаи ин давлатҳоро дар бар мегирифт.

Давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, ба мисли Гонконг, Таиланд, Малайзия, Хитой, Ветнам нуктаҳои дар боло зикргардидаро дар ҳаёт татбиқ намуда, даҳсолаҳои охир бо суръати хеле баланд иқтисодиёти мамлакатҳои худро тараққӣ дода истодаанд.

Дар тӯли 50 соли охир дар байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дараҷаи баланди афзоиши савдои хориҷиро давлатҳои ШМА, Германия, Япония, Франция, Италия, Канада таъмин намуданд. Таркиби ҳаҷми савдои хориҷии бевоситаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро дар баробари молҳои ниёзи мардум, агар бештар олотҳои мошин, таҷҳизоти ҳозиразамон, киштисозӣ ва ҳавопаймосозӣ ташкил намуда бошанд, савдои хориҷии байни давлатҳои тараққикарда ва ҷаҳони дуюм бошад, дар асоси ивази таҷҳизоти техникӣ, олотҳои мошин, бештар маводи хоми аввала ташкил менамуд.

Аммо чунин шакли муомилот дер давом накард. Аз солҳои 80-ум сар карда баробари барохмонии истеҳсолоти коркарди ашёи хом дар давлатҳои рӯ ба инкишоф воридоти моли тайёр барои давлатҳои Европа, ШМА ва Япония фоиданоктар буд. Барои амалӣ намудани ин мақсад давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон қисми бештари саноати худро дар ҳудуди давлатҳои рӯ ба инкишоф ҷойгир намуда, дар корхонаҳои худ ба истеҳсоли маҳсулоти илмталаб шурӯъ карданд. Чунин ислоҳот дар номгӯи молҳои содиротии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон тағйироти куллӣ ворид намуд. Минбаъд ба бозорҳои ҷаҳон бештар молҳои электронӣ ва технологияи иттилоотӣ (дастгоҳҳои автоматии дорои суръати баланди коркарди иттилоот), воситаҳои алоқа, микросхемаҳои электронӣ, роботҳои истеҳсолӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ҳаҷми содироти молҳои электронии

пешина
аз 785
навбатӣ