Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
номбурда бо суръати хеле баланд меафзояд. Дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳар сол номгӯи нави молҳои ниёзи мардум бо дизайнҳои ҳозиразамон ва нисбати солҳои пеш молҳои баландсифат пешкаши аҳолии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон карда мешуд.
Солҳои 1985-1990 тамоми молҳои дар боло зикргардида дар чунин давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба мисли ШМА, Япония ва Германия истеҳсол мешуданд. Соли 1990, агар ҳиссаи ШМА ва Япония зиёда аз 75%-ро ташкил намуда бошад, пас 25%-и молҳо дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ истеҳсол карда мешуданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин солҳо молҳои электронӣ бо сабаби арзиши баландашон танҳо ба бозори маҳдуди давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон пешниҳод карда мешуданд. Ба аҳолии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, ки сатҳи миёнаи зиндагӣ доштанд, харидорӣ ва истифодаи чунин молҳо дастрас набуд.
Чунин шароит роҳбарони корхонаҳои азими истеҳсолкунандаи молҳои электрониро маҷбур сохт, ки роҳҳои ҳалли ин масъаларо ёбанд. Аввалин шуда Ҳукумати Япония барои арзон шудани арзиши аслии мол истеҳсоли номгӯи зиёди молҳои электрониро бо назардошти истифодаи қувваи арзони корӣ дар давлатҳои начандон калони Осиё - Гонконг, Таиланд, Сингапур, Малайзия ва баъд Хитой шурӯъ намуд.
Германия чунин ҳолатро ба назар гирифта, барои пурра аз даст надодани бозори азими давлатҳои рӯ ба инкишоф модели япониро истифода бурда, ба истеҳсоли номгӯи муайяни молҳои электронӣ дар ҳудуди давлатҳои Туркия, Эрон, Арабистон, Африқо ва солҳои охир дар баъзе давлатҳои навбунёди Осиёи Миёна оғоз кард.
ИМА чунин фаъолиятро дар давлатҳои Америкаи Лотинӣ, Канада, Мексика ва қисман дар давлатҳои Араб ба роҳ монд. Агар истеҳсолоти давлатҳои ИМА, Япония, Германия ва Франция сад дар сад баҳри таъмини аҳолии кулли давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бо молҳои сифаташон баланду арзишаш арзон сафарбар карда шуда бошад, пас истеҳсолоти давлатҳои рӯ ба инкишоф бештар барои истеҳсоли молҳои электронии нисбатан арзон ва дастраси шумораи зиёди мардум равона шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор