Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, дере нагузашта, даҳсолаҳои охири асри XX дар таърихи иқтисодиёти ҷаҳон аз тарафи олимони иқтисодшинос, ҳамчун як марҳилаи авҷи паҳн гаштани дастгоҳҳо ва молҳои электронии ниёзи мардум ба қайд гирифта мешавад. Ин марҳила бо истифодаи комёбиҳои пешрафти техникӣ дар баробари ба корпорасияҳои бузурги байналмилалии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон миллиардҳо доллари америкои даромади соф оварданаш, кулли давлатҳои дунёро бо ҳам наздик намуд. Имрӯзҳо бо истифодаи барномаҳои телевизиони радифӣ ҳатто мардуми оддӣ иттилооти лозимаро аз барномаҳои зиёда аз 100 давлати дунё гирифта метавонанд. Татбиқ намудани системаи радифии алоқа бо истифодаи таҷҳизоти компютерӣ масофаи тӯлонии байни давлатҳоро кӯтоҳ намуда, дар як муддати кӯтоҳ масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва шахсии оламиёнро ҳал менамояд.

Панҷсолаҳои охири асри XX бо истифодаи системаи Интернет хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба дараҷаи баланди худ расид ва дар баробари доир ба молу маҳсулоти худ озодона иттилоот, барнома ва нақшаҳо пахш намудан, мардум ба тамоми саволҳои лозимӣ аз нуқтаи назари таърихию илмӣ ҷавоби пурра мегиранд.

Дар тӯли 15 соли охири асри XX чунин пешрафт боиси бо суръати хеле баланд афзудани ҳаҷми содироти хизматрасонӣ аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон гардид. Ҳаҷми он, агар дар соли 1995 23%-и содироти ҷаҳониро ташкил намуда бошад, пас соли 1999 он ба 35,3% расид.

Дар солҳои охири асри XX бо истифодаи Интернет ва системаҳои ҳозиразамони шабакавии интиқоли ахборот бо суръати баланд содироти хизматрасониҳои корӣ афзуда истодааст. Ҳиссаи он дар давраи начандон калон (солҳои 1980-2000) аз 28% то ба 44% расонида шуд.

Пешрафти илмию техникии даҳсолаҳои охир дар соҳаи туризми байналмилалӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шуд. Имрӯзҳо ҳар як фарди ҷамъият бемалол метавонад бо истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамон тамоми иттилоотро доир ба истироҳатгоҳҳои кулли дунё гирифта, мувофиқи хоҳиши худаш истироҳатгоҳ ё самти саёҳати

пешина
аз 785
навбатӣ