Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худро интихоб намояд. Имрӯзҳо сеяки арзиши умумии содироти хизматрасониро дар ҷаҳон туризм ташкил мекунад.

Он рӯзҳо дур нест, ки пешрафти таҷҳизоти ҳозиразамон боиси афзудани ҳаҷми содироти хизматрасонии соҳаҳои тандурустӣ, илм ва санъат мешавад.

Садҳо миллиард доллари амрикоӣ дар шаклҳои гуногуни сармоягузорӣ дар ҷаҳон аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳаракат мекарданд. Интиқоли сармояи софи солонаи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон, агар дар тӯли солҳои 1983-1990 23 млрд. доллари амрикоиро ташкил намуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар солҳои 1991-1995 то ба 49,4 млрд. доллари ШМА расонида шуд.

ШМА, Британияи Кабир, Япония ва Германия дар даҳсолаҳои охири асри XX дар иқтисодиёти ҷаҳон ҳамчун давлатҳои бузурги содиркунанда ном бароварданд. Дар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ гардиши солонаи сармояи танҳо ду давлат - ШМА ва Япония 80 млрд. доллари амрикоӣ буд, ки аз 3/4 ҳиссаи гардиши солонаи сармояи озоди ҷаҳониро ташкил менамояд.

Дар гардиши сармояи ҷаҳонӣ маблағгузории бевосита ва маблағгузории портфелӣ мавқеи муҳимро ишғол менамуд.

Дар даҳсолаҳои охири асри XX сиёсати "иқтисоди озод" ва дар баробари он муносибатҳои иқтисодии байналмилалии давлатҳои ҷаҳон аз сабаби ба дараҷаи баланди истеҳсолӣ ноил шудан ба мушкилиҳо ва зиддиятҳои дохилисоҳавӣ бархӯрданд. Дар ҷаҳон, агар аз як тараф, ҷараёни ҳамгироии давлатҳои ҳамсоя ва дар ин асос бунёди минтақаи савдои озод вусъат гирифта бошад, аз тарафи дигар, кӯшиши давлатҳои алоҳида барои ба дасти худ гирифтани иқтисодиёти тамоми ҷаҳон барҷало дида мешуд.

Дар амал барҷало дида мешуд, ки дар баробари кӯшиши давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, ба монанди ШМА, Япония, Германия, Франция барои дар бозори ҷаҳонӣ аз даст надодани қудрат, тавоноӣ ва мавқеи худ ин солҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ҷараёни нав - ҷараёни зери назорати корпоратсияҳои байналмилалӣ муттаҳидшавии истеҳсолоти давлатҳои алоҳида ҷорӣ шуда буд. Бунёди корпоратсияи

пешина
аз 785
навбатӣ