Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бузурги байналмилалӣ дар ҷаҳони капиталистӣ давраи нави тараққиёт ва қудратнокшавиро муҳайё намуд.

Асоси афзудани нуфузи ҷаҳони капиталистӣ, пеш аз ҳама дар истифодаи дурусти сармояи умум таҷАССУМ меёфт. Бунёди корпоратсияҳои бузурги байналмилалӣ сарварони бисёр давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро водор намуд, ки сиёсати содироти сармояи калони соҳаҳои истеҳсолоти ватании худро, ки бо мурури замон бе даҳолати давлат, мустақилона оғоз ёфта буд, дастгирӣ намоянд.

Солҳои 1960-ум ширкатҳои американ фаъолияти хориҷии худро вусъат дода, сармояи бештари худро дар "бозори умумии" навбунёди Европа харҷ мекарданд. Ҳаҷми солонаи сармоягузории хориҷии ширкатҳои танҳо ШМА дар соли 1970 то ба 13 млн. доллари ШМА расид. Албатта, дар ин давра ин маблағ сармояи бузурге ба ҳисоб рафта, барои пешрафти иқтисодиёти давлатҳои Европа замина гузошт. Даҳсолаҳои минбаъда маблағгузорӣ сол аз сол дар иқтисодиёти Европа зиёд мешуд.

ШМА дар бахши содироти сармоя ҳамчун маблағгузори бевосита дар ҷаҳон солҳои дароз пешсафиро аз даст намедиҳанд. Агар соли 1997 аз 424 млрд. доллари дар ҷаҳон бо ин усул содиршуда 114,5 млрд. доллар ҳиссаи ШМА бошад, пас соли 1999 ин таносуб 884,4 млрд. ва 275,5 млрд. долларро ташкил намуд.

Агар аз нисф зиёди сармояи дар боло зикршудаи ШМА асосан ба иқтисодиёти давлатҳои шарик - Британияи Кабир, Канада, Япония, Франция, Германия, Швейтсария ва Нидерландия равона карда шавад, пас 85%-и сармояи давлатҳои номбурдаи Европа ба иқтисодиёти ШМА равона карда мешавад.

Дуюмин давлати абарқудрати дунё дар содироти сармоя Япония ба шумор меравад. Дар тӯли муносибатҳои иқтисодии баъдиҷангӣ (то солҳои 1995) кӯмакҳои ШМА ба Япония оид ба бозсозӣ ба он оварда расонид, ки даҳ соли охир аз 1/3 ҳиссаи сармояи озоди худро Япония ба иқтисодиёти ШМА равона карда, қисми зиёди онро ба соҳаи савдо (41%), соҳаҳои молия ва хариди амволи ғайриманкул (30%) ва тахминан то 20%-и онро барои пешрафти соҳаҳои вазнин, мошинсозӣ ва таҷҳизоти дақиқи мамлакат равона

пешина
аз 785
навбатӣ