Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

намояд, пас 85%-и сармояи Япония ба Европа равона карда шуда, бештар дар соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ, савдо ва ҳамагӣ 15%-и боқимондаи он дар соҳаҳои саноати коркарди ин минтақа истифода бурда мешуд.

Бояд таъкид кунем, ки тайёрӣ ба ворид намудани асъори ягонаи Европа - "Евро" сиёсати истифодаи сармояи Японияро солҳои охири асри XX куллӣ дигар намуд. Сол аз сол зиёд шудани ҳиссаи давлатҳои Европа дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти ҷаҳонӣ ва дар баробари ин дар муомилоти молии кулли давлатҳои Европа дар оянда амал намудани асъори ягона, ки метавонад дар ояндаи наздик доираи гардиши долларро дар бозорҳои худ маҳдуд намояд, Японияро водор кард, ки танҳо дар ду соли охири асри XX сармояи бисёри худро ба истеҳсолоти давлатҳои Европа гузорад. Аз 2/3 ҳиссаи сармояи давлатҳои Европа бошад, ба ШМА ва бо тариқи корпоратсияҳои бузурги байнамилалии ШМА ба иқтисодиёти Япония гузошта мешавад. Америкоиҳо ва европоиҳо нисбат ба Япония сиёсати махсуси худро пеш бурда, барои ҳарчи бештар дар иқтисодиёти ватани худ татбиқ намудани кашфиётҳои ҳозиразамони илмию техникӣ бештари сармояи худро ба соҳаҳои дорои дараҷаи баланди технологии Япония мегузоранд. Масалан, корпоратсияи калонтарини ШМА IBM дар Япония шӯъбаи (филиали) корхонаи худро таъсис дод, ки дар он зиёда аз 18000 нафар кор карда, аз ҷиҳати миқдори истеҳсоли компютер калонтарин корхона дар Япония ба шумор меравад.

Хусусияти хоси даҳсолаҳои охири асри XX аз он иборат аст, ки дар ин солҳо дар баробари вусъатгирии ҳаракати сармояи озоди давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ пешрафтаи дунё тамоили муттаҳидшавии ин сармояҳо низ дида мешуд.

Агар солҳои 1981-90 дар кулли иқтисодиёти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон дар соҳаи истеҳсолот ҳамагӣ 900, молиёт 141, савдо ва хизматрасонӣ 50 ҳодисаи муттаҳидшавӣ ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар даҳсолаҳои охир ин ҷараён тамоми ҷаҳони капиталистиро фаро гирифта, шумораи умумии он аз 5300 зиёд шуд.

пешина
аз 785
навбатӣ