Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Соли 1998 ҳаҷми умумии сармояҳои якҷояшуда ба нуқтаи баландтарин расида, 2,6 трлн. доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин маблағ танҳо нисбат ба соли 1997 55% зиёд буд. Сабабҳои чунин ҷаҳишро иқтисодшиносони ҷаҳон дар пешрафти технологияи иттилоотӣ ва аз иштирок дар бунёди корхонаҳои ин соҳа гирифтани даромади ниҳоят калон медиданд.
Ҳамин тариқ, даҳсолаҳои охири асри ХХ, тавре ки дар боло зикр кардем, тамоили ҳаракати сармояи ҷаҳони капиталистӣ самти худро тағйир дода, истифодаи қисми бештари сармояи худро дар истеҳсолоти давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон авзалтар медонист.
Чунин дигаршавии тамоили ҳаракати сармояи озоди ҷаҳони капиталистӣ боиси он гардид, ки дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ дар ҷаҳон марказҳои муҳими молиявии дунё, ба мисли ШМА, Япония ва Европа бунёд гардиданд, ки ҳаҷми умумии сармояи гирдвардаи онҳо зиёда аз 80%-и сармояи озоди давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро ташкил намуда, дар соли 2000-ум зиёда аз 50 трлн. долларро ташкил кард, ки ин маблағ дар муқоиса бо ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи давлатҳои аъзо се маротиба зиёд аст. Чунин дараҷаи баланди гирд овардани сармояи озод, пеш аз ҳама, дар натиҷаи истифодаи дурусти механизми ҳавасмандкунии сармоягузорони хориҷӣ ба даст оварда шуд.
Дар баробари ин ба марказҳои бузурги молиявии дунё сиёсати
дар солҳои охир пешгирифтаи онҳо оид ба танзими муомилоти озоди
асъори давлатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои дар зинаи гузариши
иқтисод қарордошта, ки аз роҳи ҳаракати онҳо тамоми монеаҳо
бардошта шуда буд, кӯмак расонда, боиси дар бонкҳои машҳури
давлатҳои Европа, ШМА кушодани ҳисобҳои асъории ширкатҳои
тамоми давлатҳои ҷаҳон гардид. Чунин ҷараён сол аз сол қурби
асъори давлатҳои саноатии тараққикардаи ҷаҳон - доллари
америкой, йени Япония, маркаи Германия ва фунт стерлинги
Англияро баланд мебардошт. Бояд таъкид кард, ки дар байни
асъорҳои номбурда доллари америкой мақоми махсус дошт. Агар
соли 1990 зиёда аз 50%-и ҳисоббаробаркунии тиҷорати
байналмилалӣ, 44%-и сармоягузории хориҷӣ ва 40%-и мубодилаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор