Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
асъори давлатҳои ҷаҳон бо истифодаи доллари ШМА анҷом дода шуда бошад, аз соли 1992 инҷониб нуфузи он дар иқтисодиёти ҷаҳон боз ҳам баланд шуда, доираи муомилоти он аз ҳисоби давлатҳои навбунёди ҷаҳон хеле васеъ гардид. Тамоми давлатҳои дунё дар баробари тилло, сангҳои қиматбаҳо дар хазинаҳои захиравии худ бештар доллари амрикоиро нигоҳ медоштанд. Ҳиссаи доллари ШМА дар хазинаҳои захиравии давлатҳои дунё аз 45%-и соли 1990 то 58%-и соли 1999 расид. Ҳатто баъди аз 1 январи соли 1999 ҷорӣ гардидани асъори ягонаи "Евро" дар муомилоти байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа, мавқеи доллари ШМА дар муомилоти асъории байналмилалӣ устувор боқӣ монд. Бо вуҷуди дар солҳои 1999-2000 то 36,4% афзудани ҳиссаи "Евро" дар хазинаҳои захиравии давлатҳои Европа, сатҳи дар соли 1997 дасткардаи доллари амрикой бо тағйироти ночизе нигоҳ дошта мешуд.
Албатта, дар муомилоти байни давлатҳои Европа сад дар сад ҷорӣ намудани асъори ягонаи «Евро» маънои аз қаламрави Иттиҳоди Европа баровардани асъори шинохташудаи давлатҳои дигари ҷаҳонро надорад, зеро бозорҳои давлатҳои Европа дар натиҷаи таҷрибаи бевоситаи татбиқшудаи ҷаҳонӣ қонун ва меъёрҳоеро муайян намуданд, ки имрӯзҳо дар асоси бандҳои онҳо кулли робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва ҳамчун дастурамали ҳаётӣ истифода бурда мешаванд.
Бинобар ин гардиши мол дар байни давлатҳои минтақаи Европа дар мадди аввал, агар бевосита бо «Евро» анҷом дода шавад, пас байни давлатҳои дигари ҷаҳон хоҳу нохоҳ бо доллари америкой баробар карда мешавад. Ин таносуб оҳиста-оҳиста бо қудратнокшавии мавқеи «Евро» дар миқёси ҷаҳон баъд аз якчанд даҳсолаҳо метавонад доираи истифодаи долларро маҳдуд намояд. Лекин, мо пешакӣ гуфтанием, ки рӯй додани чунин ҳолат албатта бар зарари иқтисодиёти давлатҳои Европа буда, сабабгори тезу тунд шудани муборизаи сиёсии Иттиҳоди Европа ва ШМА мегардад. Баъзе давлатҳои Осиё дар охирҳои асри XX кӯшиш намуда буданд, ки дар минтақаи худ дар муомилоти байнидавлатӣ асъори дигарро ҷорӣ намоянд, вале он натиҷа надод. Масалан, Япония аз соли 1980

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор