Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
инҷониб сиёсати дар муомилоти кулли давлатҳои Осиё — ҷорӣ намудани йенро пеш гирифта бошад ҳам, дар тӯли 20 сол ба муваффақияте ноил гашта наметавонад. Баръакс, дар ин давра ҳиссаи доллари ШМА дар захираҳои асъори кулли давлатҳои Осиё аз 48,6% дар соли 1980 то ба 62,7% дар соли 2000 расидааст, дар ҳолате, ки ҳиссаи йени Япония дар ин давра ҳамагӣ 3,2% зиёд шудааст (аз 13,9% то 17,1%).
Барои фаҳмотар шудани ин масъала мисоли дигареро низ аз ҷаҳони сотсиалистӣ оварда метавонем. Онҳое, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон таваллуд шудаанд, хуб медонанд, ки дар муомилоти молии давлатии шӯравӣ, бидуни рубл дигар ягон асъори хориҷӣ амал намекард. Истифодаи асъори хориҷӣ ҷинояти калони давлатӣ ба ҳисоб мерафт ва шахсоне, ки асъори хориҷиро истифода мебурданд дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Чунин ҳолат мавқеи рублро дар муносибатҳои дохилӣ мустаҳкам мекард, вале аз тарафи дигар, истифодаи рублро танҳо дар қаламрави як давлат маҳдуд намуда, чунин як давлати бузурги дунёро, ба мисоли Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳатто дар назди давлатҳои хурди Европар Ғарбӣ, банобар надоштани асъори хориҷии дар ҷаҳон шинохташуда, оҷиз менамуд.
Сиёсати "дарҳои пӯшида"-и Иттиҳоди Шӯравӣ, бо вуҷуди аз ҷиҳати боигарии табиӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, бузургии ҳудуди давлат ҳамто надоштанаш ин давлатро аз пешрафти илмию техникии давлатҳои ҷаҳон дур намуда, оҳиста-оҳиста боиси аз байн рафтани он гардид.
Бӯҳрони молиявие, ки солҳои 1997-1998 бештари давлатҳои Осиёро фаро гирифта буд, суръати афзоиши арзиши саҳмияҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро якбора ду маротиба суст намуд.
Чунин ҳолат сармоягузорони хориҷиро маҷбур сохт, ки бинобар тайёрӣ ба ҷорӣ намудани "Евро" дар муомилот ва болоравии арзиши саҳмияҳои давлатҳои Аврупои Ғарбӣ аксарияти саҳмияҳои дар даст доштаашонро фурӯхта, маблағҳои бадастомадаро ба коғазҳои қиматноки ШМА ва Германия табдил диҳанд. Чунин ҳолат мавқеи доллари ШМА-ро боз ҳам мустаҳкам намуда, эътимоди сармоягузоронро бори дигар ба ин асъори хориҷӣ дар миқёси
423

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор