Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
хеле кӯтоҳ ба сатҳи байналмилалӣ баровард ва нуфузи он сол аз сол дар миқёси ҷаҳон меафзуд. Бо шикасти идеологияи муҳосираи иқтисодӣ роҳбарияти давлатҳои капиталистӣ аз муваффақиятҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ташвиш афтида, роҳҳои нави нест кардани ин сохторро меҷӯстанд. Онҳо сиёсати Германияи фашистиро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуда, иқтидори ҳарбии ин давлатро ба самти давлатҳои Европаи Ғарбӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ равона намуданд. Бо ҳуҷуми Германияи фашистӣ 1 сентябри соли 1939 ба Полша Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз гардид ва 9 майи соли 1945 бо мағлубияти он ба анҷом расид. Аз соли 1945 сар карда, баробари аз асорати Германияи фашистӣ озод шудани қисми зиёди давлатҳои Европа, нуфузи лагери сотсиалистӣ сол аз сол баландтар гардид ва ҳиссаи он дар робитаҳои иқтисодии байналхалқӣ ва савдои ҷаҳонӣ босуръат меафзуд. Аз соли 1950 сар карда, як қатор давлатҳои дигар, ба монанди Хитой, Муғулистон, ҶХДК, Ветнам ва Куба сафи давлатҳои лагери сотсиалистиро зиёд намуда, бо принсипи сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ иқтисодиёти худро тараққӣ медоданд.
Хусусияти хоси давраи баъдиҷангӣ аз он иборат буд, ки муборизаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ин ду лагери бо ҳам зидро боз ҳам тезу тунд намуда, боиси маҳдуд шудани бозори ҷаҳонӣ ва тиҷорати байналмилалӣ гардид.
Давлатҳои пурқудрати капиталистӣ баъд аз солҳои 50-60-ум ба хулосае омаданд, ки муборизаи идеологии худро ба муқобили давлатҳои лагери сотсиалистӣ пурзӯр намуда, иқтисодиёти худро ба тариқи "дарҳои пӯшида" ба роҳ монда, барои равнақу ривоҷи сохтори капиталистӣ муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро танҳо байни худ ба роҳ монанд. Дар асоси ин принсип кулли давлатҳои капиталистӣ робитаҳои иқтисодии худро бевосита бо роҳи муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ пеш буданро асос намуда буданд.
Давраи аввали ташаккули иқтисодиёти ҷаҳон, агар охирҳои асри XIX-ро дар бар гирифта бошад, пас аз нимаи дуюми асри XX сар карда вусъатгирии раванди ҳамгироии давлатҳои ҳамсояи қитъаҳои ҷаҳон ба он дар ҳақиқат ҷараёни тозае бахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё