Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тараққикардаи ин давраро водор намуд, ки тақсимоти бозори ҷаҳониро аз нав дида бароянд ва бо роҳи истифодаи қувваи ҳарбӣ таъсири худро дар ҷаҳон зиёд кунанд. Дар баробари ин зиддиятҳои дохилии мамлакатҳои аз бозори ҷаҳонӣ қафомонда дар ин давра ба тезутунд шудани муборизаҳо ва сустшавии қудрати ин давлатҳо боис гардид. Вазъияти дар боло зикргардидаро он солҳо Германияи Кайзерӣ истифода бурда, бо дастгирии Англия ва Франция соли 1914 як қатор мамлакатҳои Европаи Шарқиро забт намуда, ба Россия ҳуҷум намуд. Таърихи инкишофи башар то ин дам дар задухӯрдҳои байнидавлатӣ чунин иштироки давлатҳои зиёдро надида буд.
Бинобар ин ҷанги соли 1914 дар таърихи ҷаҳон ҳамчун Ҷанги якуми ҷаҳон ба қайд гирифта шуд. Ин ҷанг вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Империяи Россияро вазнин намуда, сабабгори асосии аз нав сар задани муборизаҳои синфӣ дар ин мамлакат гардид. Дар натиҷаи муборизаҳои пайдарпай ва баъдан ғалабаи Иқилоби Октябр дар аввали асри XX хоҷагии ҷаҳонӣ ба ду лагерь - капиталистӣ ва сотсиалистӣ тақсим шуд. Бинобар ин аз соли 1917 сар карда, хоҷагии ҷаҳонӣ ба ду системаи иқтисодии ҷаҳонии ба ҳам зид, ки асоси муносибатҳои истеҳсолии якеро моликияти хусусӣ ва дигареро муносибатҳои истеҳсолии моликияти давлатӣ ташкил мекарданд, тақсим шуд.
Давлатҳои капиталистӣ доимо дар кӯшиши муҳосираи лагери сотсиалистӣ буданд, тамоми роҳҳои муносибатҳои иқтисодиро баста, воситаҳои аз байн бурдани ин сохторро ҷустуҷӯ менамуданд.
Солҳои аввали мавҷудияти Россияи коммунистӣ, баъдан
декабри соли 1922 бо бунёд ёфтани давлати Иттиҳоди Шӯравӣ
идеологҳои ҷамъияти капиталистӣ фикр мекарданд, ки бе дастгирии
саноати тараққикардаи давлатҳои Европа ва муҳосираи иқтисодӣ, ки
садди роҳи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии ин давлати ҷавон
гардида буд, ин сохторро тез аз байн мебаранд. Аммо сиёсати
"дарҳои пӯшида", ки роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ пеша карда буд
ва барномаҳои бозсозие, ки соҳаҳои асосии ин мамлакатро
(электрификатсия, индустриализатсия) фаро гирифта буданд, бар
хилофи ақидаҳои идеологҳои буржуазӣ ин мамлакатро дар муддати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё