Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

соҳаҳо бо дараҷаи истеҳсоли ин ё он маҳсулоте, ки дар ШМА истеҳсол мегардид, муқоиса карда мешуд. Аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сар карда, то истеҳсоли маҳсулоти саноати вазнин ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолии ин ду давлат муқоиса карда мешуд. Мақомоти махсуси ШМА чунин тарзи ба роҳ мондани пешрафти иқтисодиётро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар гирифта, бештар бо иттилооти пардапӯши бардурӯғ Ҳукумати Шӯравиро маҷбур месохт, ки дар равиши иқтисод ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ диҳад. Дар натиҷаи чунин иттилооти нодуруст қисми зиёди буҷети давлат ба ҷойи бо дастгоҳҳои ҳозиразамон таҷҳизонидани саноати вазнин ва сабук бештар барои бунёди базаҳои ҳарбии чӣ дар дохили Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар ҳудуди давлатҳои дигари лагери сотсиалистӣ, зиёд намудани сафи хизматчиёни ҳарбӣ, нигоҳ доштани шумораи зиёди идораҳои ҳарбӣ ва масъалаҳои бо ин монанд равона карда мешуданд. Иттиҳоди Шӯравӣ пешсафиро дар соҳаи сермасрафи кайҳон низ аз даст додан намехост. Бо вуҷуди пешравиҳои бузурге, ки кайҳоннавардони Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст оварда буданд, нигоҳ доштани ин соҳа маблағи зиёдеро аз хазинаи давлат талаб менамуд. Танҳо як иттилооти ШМА оид ба парвози бомуваффақияти кайҳоннавардони ШМА ба Моҳ ба Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо миллион доллари ШМА зиён овард.

Аз солҳои 80-ум сар карда, ҳар гуна сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ, ки дар иқтисодиёти кулли давлатҳои ҷаҳон ба амал омада буданд, зиддиятҳои мавҷудаи ин ду лагерро оҳиста-оҳиста аз байн бардоштанӣ шуданд. Ин ҷараён бештар дар равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, ки намояндагони кулли давлатҳои ҷаҳон дар он иштирок менамуданд, дида мешуд. Дар ин марҳила онҳо дарк карданд, ки бе кӯмаку дастгирии якдигар, ки он аз як тараф, дар истифодаи олотҳои техникии ҳозиразамони давлатҳои мутараққии ҷаҳон, аз тарафи дигар, дар манбаъҳои ашёи хом ва қувваи кории арзони давлатҳои лагери сотсиалистӣ ифода меёфт, ба комёбиҳои нави иқтисодӣ ноил шудан имконпазир нест. Аз соли 1985 дар иқтисодиёти ҷаҳон дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд, ки равиши босуръати онҳо

пешина
аз 785
навбатӣ