Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

пояҳои заифгардидаи ҷамъияти лагери сотсиалистиро оҳиста-оҳиста аз байн мебурданд. Дар баробари муборизаҳои иқтисодии ин ду сохтори ҷамъиятӣ муборизаҳои сиёсии олами капиталистӣ бо мақсади пора намудан ва аз байн бурдани сохти рӯ ба сукут овардаи шӯравӣ рӯз аз рӯз авҷ мегирифтанд.

Дере нагузашта, ин амал натиҷаҳои худро барҷало нишон дод. Дар натиҷаи авҷгирии норозигии халқи Чехословакия ин давлат ба ду қисм - Чехия ва Словакия тақсим шуда, равиши иқтисодиёти давлатҳои навбунёди худро аз сиёсати коммунистӣ дур намуда, якбора майл ба сӯи ғарб намуд. Чунин амал дар Югославия, Руминия, Полша, Венгрия, Булғория низ рух дод. Бо мақсади ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва аз зери назорати Иттиҳоди Шӯравӣ баромадан дар давлатҳои зикргардида муборизаҳо авҷ гирифтанд. Чунин баромадҳои озодихоҳона давлатҳои алоҳидаи Иттиҳоди Шӯравиро низ фаро гирифт. Бо вуҷуди дараҷаи баланди рушди истеҳсолот ва зиндагии мардуми давлатҳои назди Балтика солҳои 1989-90 аввалин шуда, муборизаи озодихоҳонаи худро мардуми Эстония, Латвия ва Литва барои аз зери назорати Москва баромадан оғоз намуданд. Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба хунрезӣ роҳ надодан пешниҳоди давлатҳои назди Балтикаро ба назар гирифта, соли 1990 ба онҳо ваколати бунёди ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Латвия, Литва ва Эстонияро дод. Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳамин давра сар карда рӯ ба шикаст ниҳод. Чунин раванди сиёсию иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ санаи ба тариқи музокироти сарварони давлатҳои славянӣ (Россия, Украина, Белоруссия) ба кулли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ озодӣ ва истиқлолият доданро наздик менамуд. 8 декабри соли 1991 имзои созишномаи Беловежск оид ба бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ хотима дод. Барҳам хӯрдани яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон боиси куллан ранги дигар гирифтани системаи иқтисодиёти ҷаҳон ва вайрон шудани мувозинати қувваҳо дар ҷаҳон гардид.

Дере нагузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бунёди давлатҳои нави соҳибистиқлол - Латвия, Литва, Эстония, Россия,

пешина
аз 785
навбатӣ