Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар баробари ин солҳои охир Ҳукумати Чили ба баланд бардоштани савияи дониши насли наврас аҳамияти калон медиҳад. Агар соли 1995 аз ҳисоби буҷети давлат барои пешрафти илму маърифат дар ҳаҷми 12% маблағ ҷудо карда шуда бошад, соли 1996 ин маблағ ба 16% расонида шуд.

Чунин эътибор ба пешрафти маълумоти аҳолӣ, илм ва кашфиётҳои илмию техникӣ ба сол аз сол афзудани ҳаҷми умумии содироти мамлакат оварда расонид. Танҳо дар муддати ду сол (1994-95) ҳаҷми содироти мамлакат 38% афзуд.

Соли 1996 аз Чили ба маблағи 18 млрд. доллари амрикой молу хадамот содир карда шуд. Чунин афзоиши босуръати содиротро ба назар гирифта, пешбинӣ карда шудааст, ки соли 2001 ҳаҷми умумии содирот то 40 млрд. доллари амрикой расонида мешавад.

Давлатҳои боқимондаи дорои дараҷаи миёнаи тараққиёт, ки онҳоро инчунин давлатҳои тараққикунанда низ меноманд, ба мисли Ҳиндустон, Покистон, Лаос, Филиппин, Камбоҷа, Судон, Миср бо ҳаҷми начандон бузурги содирот дар ММД, афзалияти сектори аграрӣ ва сатҳи нисбатан пасти даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз давлатҳои дар боло зикршуда куллӣ фарқ мекунанд.

Соли 1999 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Миср — 1400, Филиппин — 1020, Покистон — 470, Ҳиндустон 450 доллари ШМА, Лаос — 330, Судон — 290, Камбоҷа — 260 доллари амрикоиро ташкил дод.

Содироти ин давлатҳо аз номгӯи зиёди мол, маводи хом ва маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, ҳиссаи молҳои тайёри саноатӣ дар содироти онҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Давлатҳои зиёди ин гурӯҳ имрӯзҳо дар натиҷаи ҳамкории дуҷониба бо давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон корҳои вобаста ба бунёди корхонаҳоеро, ки маҳсулоти онҳо дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат аст, ба охир расонида, аз паи бунёди комплекси бузурги саноатӣ мебошанд.

Ба гурӯҳи сеюми давлатҳои сусттараққикарда 33 давлати қитъаи Африка, 10 давлати қитъаи Осиё, ҳавзаи Кариб, Шарқи Наздик ва давлатҳои алоҳида ба мисли Бангладеш, Зоир, Мянма, Танзания, Судон ва Эфиопия дохил мешаванд. Шимораи умумии

пешина
аз 785
навбатӣ