Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
аҳолии давлатҳои сусттараққикардаи ҷаҳон соли 1996 555 млн. нафар буд, ки 78%-и онҳоро аҳолии камсавод ва бесавод ташкил менамуд.
Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакатҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Даромади миёнаи солона ба ҳар сари аҳолӣ дар ин мамлакатҳо ҳамагӣ 950 доллари амрикоиро ташкил менамояд. Сатҳи пасти зиндагӣ дар сатҳи пасти истеҳсолоти саноатии ин мамлакатҳо баръало дида мешавад. Агар ҳиссаи сектори аграрӣ дар ҳаҷми ММД ин мамлакатҳо 37% бошад, дар соҳаи саноат ин нишондиҳанда ҳамагӣ 19%-ро ташкил медиҳад.
Сатҳи пасти зиндагӣ боиси умри кӯтоҳи аҳолии ин давлатҳо шуда истодааст. Дарозии умри аҳолии ин давлатҳо ҳамагӣ 51 солро ташкил медиҳад.
Ба гурӯҳи давлатҳои сусттараққикардаи ҷаҳон 15 давлате, ки даҳсолаҳои охири асри XX бо сабабҳои гуногун дар қаламрави давлаташон ҷангҳои дохилӣ, бетартибиҳои пай дар пай ва ҷангҳо бо давлатҳои ҳамсоя рух додаанд, дохил мешаванд. Ҷанг ба давлатҳои зиёд, ба мисли Ангола, Мозамбик, Сомалӣ, Эфиопия харобиҳои зиёде оварда, боиси талафоти зиёди аҳолӣ, дараҷаи пасти зиндагӣ, хоҷагиҳои парокандаи кишоварзӣ, ки манбаъи асосии ғизои мардум буд, гардид.
Дар ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ сол аз сол тамоили пастшавӣ мушоҳида карда мешавад. Агар соли 1990 ММД ба ҳар сари аҳолӣ 340 доллари амрикоиро ташкил намуда бошад, соли 1993 ин нишондиҳанда ба 265 доллари ШМА паст фаромад.
Вазъияти аз ин ҳам бадтар дар чунин давлатҳои тропикии Африка, ба монандӣ Мали, Мозамбик, Ангола, Гвинея ва дигарҳо мушоҳида карда мешавад.
Баъди соҳибистиқлол шудан ва канда шудани занҷири мустамликадорӣ қисми муайяни давлатҳои навбунёди қитъаҳои мухталифи ҷаҳон бо сабабҳои гуногун аз ҷаҳони капиталистии тараққикунанда бо вуҷуди дур шуда монданашон дар ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини пешрафти иқтисодии мамлакатҳои худ буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор