Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарватҳои табиӣ, таъмини афзоиши байникитъавии савдо, нақлиёт баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум буд.

Аммо консепсияи "такя ба қудрату тавонии худ" дар асл як изҳороти мақсаду ниятҳои онҳо шуда монд, зеро барои иҷрои он вазъи якхелаи сиёсӣ ва иқтисодии ин давлатҳо, якхела будани маҳсулот ва ашёи хоми истеҳсолшаванда, ки садди роҳи ҳамкории дуҷониба гардида буд, вобастагии иқтисодии ин давлатҳо аз мустамликадорони онҳо монеъ мешуд.

Дар чунин ҳолат қарор гирифтани давлатҳои қитъаи Африкаро ба назар гирифта, Фонди байналмилалии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, ташкилотҳои гуногуни Созмони Миллали Муттаҳид, бонкҳои минтақавии тараққиёт, Иттиҳоди Европа, Кумитаи кӯмак ба тараққиёт, ки 20 давлати саноатии ҷаҳонро муттаҳид менамуд ва ОПЕК барномаи муътадил гардонидани вазъи молиявӣ ва сохтори бозсозиҳои иқтисодии давлатҳои қитъаи Африкаро таҳия намуданд. Мувофиқи ин барнома ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон супориш дода шуд, ки бо истифодаи маблағҳои калони ҷудошуда ба ин давлатҳо дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, маҳдуд намудани сектори (бахши) давлатӣ, хусусгардонии истеҳсолот, ҳавасмандкунии соҳаҳои нави истеҳсолоти маҳсулоти содиротӣ, барои ба бозори ҷаҳонӣ баромадан кӯмак намоянд. Дар асоси ин барнома дар тӯли солҳои 1989-1993 ба давлатҳои Африкаи тропикӣ ҳамагӣ 86,6 млрд. доллари амрикой ҷудо карда шуд.

Чунин тамоил боиси он гардид, ки дар аввалҳои асри XXI қарзи хориҷии ин давлатҳо ба 223 млрд. доллари ШМА расид, ки 70%-и ҳаҷми умумии ММД ё 2,5 баробари ҳаҷми содироти солонаи кулли давлатҳои Африкаро ташкил менамояд. Давлатҳои Африка ҳар сол барои таъмини пардохти қарзҳо 20%-и тамоми маблағи аз содироти мол ба дастовардаро ба давлатҳои қарздиҳанда бармегардонанд.

Проблемаҳои муҳими дигаре, ки вазъи иқтисодии давлатҳои Африқоро (бидуни ҶАҶ) солҳои охир хеле вазнин намудааст, ин ҳам бошад, аз мамлакат баромадани чӣ сармояи хориҷӣ ва чӣ сармояи моликиятдорони хусусии ин давлатҳо мебошад. Дар тӯли 10 соли

пешина
аз 785
навбатӣ