Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Даҳсолаҳои аввали баъдиҷангӣ ба шарофати пешрафти иқтисодии давлатҳои Европа ва ШМА эҳтиёҷоти саноати онҳо ҳарчи бештар ба маҳсулот ва маводи хоми давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи ҷаҳон рӯз аз рӯз зиёдтар мешуд.
Дар баробари ин дар натиҷаи бедор шудани ҳисси миллии ин давлатҳо бунёди корхонаҳои нави коркард, соҳаи саноати маҳаллӣ, сохмони иншоотҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ таъмин карда шуд.
Дар натиҷаи пешрафти бештари соҳаҳои истеҳсолот ва сохмон аз 20% то 38%, ҳадамот аз 39% то 42%. ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ рӯз то рӯз дар ММД аз 41% то ба 20% паст фаромад.
Дар баъзеи ин давлатҳо афзоиши ҳаҷми ду-се номгӯи маҳсулот ё маводи хом, ки талаботи давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ба онҳо қонеъ кунонида мешуд, мушоҳида мешуду халос.
Дар ин давра даромади калон аз номгӯи муайяни мол ба паст шудани ҳавасмандии ин мамлакатҳо вобаста ба таъмини пешрафти соҳаҳои нави истеҳсолот оварда расонид. Бештари ин давлатҳо фикр мекарданд, ки ҷаҳони капиталистӣ ҳамеша ба маҳсулоти онҳо ниёз хоҳад дошт, вале фикри онҳо хом баромад.
Бӯҳрони иқтисодии хоҷагии ҷаҳонии соли 1975-80 давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳонро водор намуд, ки дар истеҳсолот ба истифодаи технологияи сарфакунандаи маҳсулот ва ашёи хом гузаранд. Дар натиҷа якбора талаботи онҳо ба маҳсулот ва ашёи хоми давлатҳои қафомондаи ҷаҳон кам шуда, вазъи иқтисодии давлатҳои Африка бад гардид.
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин вазъияти баамаломада, онҳо ба қароре омада, соли 1979 барномаи таъмини пешрафти иқтисодиёти давлатҳои қитъаи Африкаро бо номи стратегияи Монровия ва соли 1980 барномаи таъмини пешрафти иқтисодии Лагоссро қабул намуданд, ки он дар асоси концепсияи "такя ба қувваю тавоноии худ" таҳия гардида, афзалиятҳои асосии он - худтаъминкунӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ дар миқёси минтақа, бунёди корхонаҳои саноатӣ, пурзӯр намудани назорати давлатии истифодаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор