Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§14.2. ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Баъд аз пош хӯрдани дуюмин давлати абарқудрати дунё ба Федератсияи Россия дар баробари иқтидори бузурги иқтисодиёти Шӯравӣ, саноати вазнин ва сабук бо таҷҳизоти қафомонда, соҳаи кишоварзии камфоида мерос монда буд.

Гусаста гардидани робитаҳои иқтисодӣ дар тӯли 50 соли охир ташаккулёфтаи байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ боиси пай дар пай баста шудани корхонаҳои истеҳсолӣ (бинобар таъмин нагаржидан бо ашёи хом) ва сол аз сол кам шудани ҳаҷми истеҳсоли ММД мегардид.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 1970-1980 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати ҳаҷми ММД баъд аз ШМА дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекард. Баъзе солҳо ҳатто ММД-и Иттиҳоди Шӯравӣ қариб 40%-и ҳаҷми ММД-и ШМА-ро ташкил менамуд. Аммо аз соли 1990 сар карда дар Федератсияи Россия тамоили босуръати пастшавии ҳаҷми ММД мушоҳида карда мешуд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми ММД-и Федератсияи Россия дар тӯли солҳои 1991-1995 нисбат ба соли 1990 50% (1991 - 12,5%, 1992 - 14,5%, 1993 - 8,7%, 1994-12,6%, 1995 - 4%, 1996 - 6%) кам шуд.

Албатта тамоили босуръати пастшавии ҳаҷми умумии ММД-и Федератсияи Россия ба нишондиҳандаҳои сатҳи иқтисодиёт ва зиндагӣ, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ таъсири манфии худро расонд.

Агар соли 1993 бо 1094 доллари ШМА ба ҳар сари аҳолӣ Федератсияи Россия дар ҷаҳон ҷои 39-умро ишғол намуда бошад, соли 1999 ин нишондиҳанда бо 2280 доллари ШМА расида, дар ҷадвали тартибдодаи Бонки ҷаҳонӣ ҷои 98-умро ишғол намуд.

Имрӯзҳо ҳам нишондиҳандаи ҳаҷми ММД-и Федератсияи Россия ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои бадастовардаи Япония (34148 дол.), Швейтсария (33813 дол.), Дания (26107 дол.), ШМА (24520 дол.), Норвегия (23993 дол.), Германия (23321 дол.) даҳҳо маротиба кам аст.

пешина
аз 785
навбатӣ