Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аммо ин тамоил дар натиҷаи истифодаи васеи захираҳои табиии мамлакат ва дар истеҳсолот ба кор бурдани таҷҳизоти техникии пешқадам баъд аз соли 1996 ранги дигар гирифт.
Бояд қайд кард, ки Федератсияи Россия бо ҳудуди беҳад бузурги давлати худ ва захираҳои азими табиӣ аз тамоми давлатҳои дигари дунё фарқ мекунад.
Федератсияи Россия нисбат ба ҳаҷми захираҳои ашёи хоми минералии кашфшуда дар ҷаҳон мавқеи муайянро ишғол мекунад. Солҳои охири асри XX дар ҳудуди Федератсияи Россия зиёда аз 20 ҳазор захираҳои канданиҳои фоиданок кашф ва ба истифода дода шуданд. Арзиши умумии захираҳои табиии Федератсияи Россия, агар дар ҳаҷми 140 трилион доллари ШМА тахмин карда шуда бошанд, пас ҳаҷми захираҳои дақиқшуда мувофиқи маълумоҳои Кумитаи давлатии геология 28,6 триллион доллари америкоиро ташкил мекунад.
Бояд қайд кард, ки усулҳои муайян намудани ҳаҷми захираҳои умумии табиӣ аз тарафи кормандони Бонки ҷаҳонӣ аз усулҳои мутахассисони Кумитаи давлатии геологияи Россия куллан фарқ мекунанд. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ арзиши умумии канданиҳои фоиданоки Федератсияи Россия дар ҳаҷми 10 триллион доллари америкой муайян гардидааст. Ин рақам аз арзиши умумии канданиҳои фоиданоки давлатҳои бузург, ба мисли Бразилия 3,3 трлн. доллар, Хитой 662 млрд. доллар, Ҳиндустон 452 млрд. доллари ШМА ва садҳо давлатҳои хурду калон зиёдтар мебошад.
Ҷадвали №34
Арзиши умумии иқтидори захираҳои канданиҳои фоиданок
(соли 1999, млрд. доллар)
| Захираҳои табиӣ | Арзиш | Фоиз |
|---|---|---|
| Гази табиӣ | 9190 | 32,2 |
| Ангиштсанг ва сланетс | 6651 | 23,3 |
| Нафт ва конденсати он | 4481 | 15,7 |
| Маъдани фулузоти сиёҳ | 1962 | 6,8 |
| Маъдани фулузоти нодир ва ранга | 1807 | 6,3 |
| Маъдани фулузоти асил ва алмос | 272 | 1,0 |
| Уран | 4 | 0,01 |
| Дигар канданиҳои фоиданок | 4197 | 14,7 |
| Ҳамагӣ | 28560 | 100,0 |

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор