Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Арзиши муайяншудаи ҳаҷми захираҳои сарватҳои табиии дар ҷадвали №34 нишон медиҳад, ки дар ҳудуди Федерацияи Россия калонтарин захираҳои кашфшудаи гази табиӣ, нафт, ангиштсанг, тилло, алмос, тиллои сафед (платина) мавҷуд аст, ки имрӯзҳо аксарияти ин конҳо самаранок фаъолият доранд.

Пӯшида нест, ки Федерацияи Россия аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли як қатор маъданҳои пурарзиш дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Масалан, аз ҳаҷми умумии канданиҳои фоиданоке, ки ҷаҳон ҳар сол истеҳсол мешаванд, ҳиссаи Федерацияи Россия дар истеҳсоли аппатит 55%, гази табиӣ 28%, алмос 26%, никел 22%, намаки калий 16%, маъдани оҳан 14%, металлҳои ранга ва нодир 13%, нафт 12%, ангиштсанг 12%-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади боз ҳам дақиқтар омӯхтани захираҳои канданиҳои фоиданоки Федерацияи Россия ва таъсири он дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат, дар алоҳидагӣ дар бораи ҳар яке он иттилооти мушаххас пешкаш карда мешавад.

Ангиштсанг. Дар асоси тадқиқотҳои илмӣ муқаррар шудааст, ки дар сарзамини Федерацияи Россия захираҳои бузургтарини ангиштсанг воқеъ гаштаанд, ки ҳаҷми умумии онҳо тахминан 5330 млрд. тонна ё 30%-и захираи ангиштсанги ҷаҳонро ташкил медиҳад. Соли 2000 мавқеи ҷойгиршавии 209 млрд. тонна ангиштсанг пурра дақиқ карда шудааст. Бо ин нишондиҳанда Федерацияи Россия баъд аз ШМА (445 млрд. тонна), Хитой (272 млрд. тонна) дар ҷаҳон ҷои 3-юмро ишғол менамояд.

Агар истеҳсоли ангиштсанг дар Федерацияи Россия дар ҳаҷми 232 млн. тоннаи соли 1999 нигоҳ дошта шавад, захираҳои кашфшудаи Федерацияи Россия ба 901 сол мерасанд.

Конҳои пурра кашфшудаи ҳавзаи ангишти Камско-Ачинск, Кузнетск, Якутияи Ҷанубӣ, Печора, Подмосковний, Донецки Шарқӣ, ки зиёда аз 1 трлн. тонна ангиштсанг доранд. Дар тӯли асри ХХ тамоми аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ин минтақаро пурра бо ангишти баландсифат ва кокс таъмин менамуданд. Захираҳои бештари ангиштсанг дар ҳавзаҳои пурра омӯхта нашудаи Тунгус.

пешина
аз 785
навбатӣ