Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Лоиҳаи дигаре ба номи скандинавӣ вуҷуд дорад, ки бо татбиқи он дар як сол 40 млрд. метри мукааб гази табиии Федератсияи Россия аз тариқи қаламрави Финляндия ва Шветсия ба Германия интиқол дода мешавад. Бо баста шудани охирин иншооти барқии атомӣ, соли 2010 Шветсия низ аз ин хати интиқоли газ истифода хоҳад бурд.
Лоиҳаи аз ҳама бузургтарини аср хати интиқоли гази табиии "Ямал-Европа" ба шумор меравад. Ин хат аз минтақаи кони Бованков бо номи Ямал сар шуда, дар ҳудуди Федератсияи Россия аз тариқи се хат бо дарозии 2465 км, дар ҳудуди Белоруссия аз тариқи ду хат бо дарозии 575 км тавассути қаламрави Полша, Германия то Швейтсария ва Дания мерасад.
Баробари ба истифода дода шудани даври якуми он дар як сол ба воситаи ин хат мувофиқи нақша бояд 80 млрд. метри мукааб газ интиқол дода шавад. Аз хати "Ямал-Европа" бояд Ҷумҳурии Белоруссия дар як сол 16 млрд. метри мукааб, Полша 14 млрд. метри мукааб газ гиранд.
Соли 2010 сохтмони ин хат пурра ба анҷом расида, тавассути он дар як сол то 200 млрд. метри мукааб гази табиӣ ба Европа интиқол дода мешавад.
Вусъатгирии ҷараёни демократӣ дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳои Осиё ва Федератсияи Россия давраи нави ҳамкориро фароҳам овард. Дар натиҷаи мулоқотҳои солҳои охири асри ХХ дар сатҳи олӣ баргузоргардида истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла гази табиии конҳои Байкитск, Лено-Тунгус, Ненетсу Ботубин ба нақша гирифта шуданд. Ин хати интиқоли газ 4 ҳазор км дарозӣ дошта, тавассути қаламрави Муғулистон то соҳили баҳри Зарди Ҷумҳурии Халқии Хитой мерасад.
Баъд аз ба истифода додани даври дуюми ин хат ҳаҷми солонаи интиқоли гази табиӣ то 30 млрд. метри мукааб расонида мешавад. Талаботи Кореяи Ҷанубӣ ва Япония бо ин навъи сӯзишворӣ қонеъ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор