Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Солҳои охир барои азхуд кардани 860 млрд. метри мукааб захираи гази табиӣ конҳои зеризаминии нимҷазираи Сахалин бо иштироки Россия, ШМА, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ консорсиуми чоргона бунёд карда шуд.

Захираҳои гази табиии нимҷазираи Сахалин таваҷҷӯҳи Япония ва Кореяи Ҷанубиро бинобар наздик будан ба худ ҷалб намудаанд.

Истифодаи гази табиӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дарозии хатҳои интиқоли гази табиӣ дар ҳудуди Россия (с. 2001) 185 ҳазор километрро ташкил менамояд, ки Россия бо ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.

Фулузоти нодир.

Тилло. Федератсияи Россия дар ҷаҳон яке аз давлатҳои калонтарини истеҳсолкунандаи тилло ва сангҳои қиматбаҳо ба шумор меравад. Захираҳои дақиқшудаи тиллои холиси Федератсияи Россия дар ҳаҷми 150 ҳазор тонна тахмин шудаанд. Аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои кашфшуда Федератсияи Россия баъд аз Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дуюмин давлати дунё ба ҳисоб меравад.

Соли 1896 ҳукумати Империяи Россия ҳатто рубли тиллоиро ба муомилот бароварда буд, ки он то соли 1920 дар гардиши озод қарор дошт. Дар натиҷаи ба 48,1 т расонидани ҳаҷми истеҳсоли солонаи тилло соли 1915 захираи давлатии Империяи Россия 1337,9 тоннаро ташкил намуд.

Баъд аз ба сари қудрат омадани болшевикон низ ба истеҳсоли тилло эътибори махсус дода мешуд. Ба шароити душвори иқтисодӣ нигоҳ накарда, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ соли 1918 якчанд экспедисияҳо ташкил намуда, барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию тадқиқотӣ ба Сибир фиристонд. Аз соли 1918 то соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 11 ҳазор тонна тилло истеҳсол карда шудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ