Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷадвали №36
Истеҳсол ва захираи давлатии тиллои Империяи Россия,
Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Россия (тонна)
Сол Истеҳсол аз ҷумла, дар Сибир, Шарқӣ Захираи
давлатӣ
Дур ва Миёна
Империяи Россия
1900 38,8 652,6
1905 33,5 799,0
1910 53,2 1095,5
1915 48,1 1337,9
Иттиҳоди Шӯравӣ
1928-36 960,0
1953 117,1 2049,8
1985 264,0 719,5
1986 271,3 587,4
1987 260,0 680,9
1988 277,6 785,3
1989 304,0 850,4
1990 302,0 784,0
1991 168,1 484,6
Федератсияи Россия
1992 151,0 126 290,0
1993 149,5 123 305,8
1994 142,6 128 321,8
1995 132,0 125 278,0
1996 121,7 115 264,0
1999 130,0 118 400,0
Дар давраи Сталин ба исрофи тилло роҳ дода намешуд. Бинобар ин захираи тиллои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле бузург буд, ҳол он ки истихроҷи он аз давраи ҳозира камтар буд. Тиллоро барои ороиш хеле кам истифода мебурданд, зеро он ҳамчун унсури боқимондаи буржуазӣ ҳисобида мешуд. Дар он давра системаи хеле манфиатноки ҷамъкунии тилло вуҷуд дошт. Захираи давлатии тилло соли 1953 2049,8 тоннаро ташкил менамуд. (Ҷадвали № 36)
Дар давраи роҳбарии Хрушев соҳаи истихроҷи тилло аз имтиёзҳои мавҷудбуда маҳрум карда шуд. Исрофи захираи тилло оғоз гардид, ки дар давраи роҳбарии Горбачев хотима ёфт. Бо тилло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор