Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ аз тарсу ҳароси аз даст додани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ пардаи "муҳосираи иқтисодии" солҳои пеш ҷорӣ кардаашро то ҳозир набардошта, барои номгӯи молҳои зиёди Федератсияи Россия маҳдудиятҳои зиёд ва системаи зиддидемпингро истифода мебарад.

Танҳо аз истифодаи тадбирҳои зиддидемпингӣ нисбат ба 24 номгӯи молҳои содиротии Федератсияи Россия ҳар сол то 3 млрд. доллари амрикоӣ зарар мебинад.

Барои озодона дохили бозори ҷаҳонӣ шудан Ҳукумати Федератсияи Россия аз соли 1993 сар карда чораҷӯиҳои лозимаро барои дохил шудан ба ташкилотҳои байналмилалӣ андешида истодааст.

Дар асоси принсип ва талаботи созмонҳои байналмилалӣ (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо, Хазинаи Байналмилалии Асъор) дар тӯли ҳафт соли охир вобаста ба либерализатсияи савдои дохилӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.

Дар ҳолати ба Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо қабул шудан ба молҳои саноатии истеҳсоли Федератсияи Россия меъёри андозҳои гумрукии ҳавасмандкунандае, ки барои давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон истифода мешаванд, яъне аз 6,3% то 3,9% аз арзиши гумрукии мол кам шуда, ҷорӣ карда мешавад.

Баъд аз узви комилҳуқуқи ТУС шудан тамоми 110 давлати аъзои ин созмон ба молҳои истеҳсоли Россия дар сарҳади худ имтиёзҳои ягонаи тасдиқшударо истифода мебаранд.

Бо оғози асри XXI Ҳукумати Федератсияи Россия муносибати худро бо ин созмон тамоман дигар намуд.

пешина
аз 785
навбатӣ