Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
§ 14.3. ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ
Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шимолии қисмати Осиё ва ғарбии соҳили Уқёнуси Ором ҷойгир шуда, имрӯзҳо яке аз давлатҳои абарқудрати дунё ба шумори меравад. Ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой 9,6 млн. км. мураббаъро ташкил намуда, аз ҷиҳати масоҳат баъд аз Россия ва Канада дар ҷои сеюм меистад.
Барои он ки шумо тасаввуроти пурра дошта бошед, бузургии Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба чунин рақамҳо ифода мекунем.
Дарозии ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой, агар аз Шимол ба Ҷануб 5200 километрро ташкил диҳад, аз Ғарб ба Шарқ 5500 км мебошад.
Дарозии умумии сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой агар 40800 км бошад, дарозии сарҳади хушкии он 22800 км ва сарҳади обии он 18000 кмро ташкил менамояд.
Ҷумҳурии Халқии Хитой бо 20 давлати дунё, аз ҷумла, Кореяи Ҷанубӣ, Муғулистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Непал, Сикким, Бутан, Бирма, Лаос, Ветнам, Япония, Филиппин, Бруней, Малайзия ва Индонезия ҳамсарҳад мебошад.
Соли 1999 шумораи аҳолии давлати Хитой 1 миллиарду 200 млн. нафарро (яъне, 21% аҳолии ҷаҳонро) ташкил мекард, ки 92 фоизи он миллати маскунии давлати Хитой - ханьцы (ханунҳо) мебошанд ва 96 млн. нафар аҳолии боқимонда аз 55 гурӯҳ миллате (аз ҷумла тоҷикон), ки дар ҳудуди давлати Хитой бо миллати ханунҳо дӯстона умр ба сар мебаранд, иборат мебошанд.
Дар асоси дуруст ба роҳ монда шудани системаи роҳбарӣ ва меҳнат аҳолии сершумори Хитой ҳар сол 4% зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти миллиро таъмин мекунад, ки он дар муқоиса бо қобилияти харидории мардум зиёда аз 11%-и ҳаҷми маҳсулоти миллиро ташкил менамояд. Мувофиқи нақшаҳои ҳукумат ин тамоил самти зиёдшавӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор