Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷумҳурии Халқии Хитой аз рӯзҳои аввали истиқлолият баҳри ҳимояи комёбиҳои мамлакати худ, сулҳ дар тамоми ҷаҳон ва ба вуҷуд овардани вазъияти осоиштаи байналмилалӣ ҳамеша кӯшише ба ҳарҷ медод, ки яроқу аслиҳаи замонавӣ ба даст оварад. Бо вуҷуди доштани яроқи атомии қатли ом, ракетаҳои байниминтақавии бехатаре, ки дар хизмати кишварҳои ҷаҳон мебошанд, Ҳукумати Хитой аз соли 1999 дар фикри харидани ҳавопаймои ҳозиразамони А-50 мебошад, ки он бо таҷҳизоти радиолокатсионӣ ҷиҳозонида шудааст. Чунин ҳавопайморо се давлат - Россия, ШМА ва Исроил доранд. Аввалҳои соли 2000 бо Исроил дар бобати харидани 6 ҳавопаймо ба маблағи 2 млрд. доллари ШМА созишнома имзо карда шуд. Аммо дере нагузашта, 15 июни соли 2000 аз тарафи Исроил амали созишнома зери фишори ШМА яктарафа қатъ гардид. Ба фикри мутахассисон ва сиёсатмадорони ШМА ва Телавив иҷрои ин созишнома қудрати тавонои Хитойро нисбат ба Тайван зиёд менамояд.

Ҳукумати Хитой барои харидани ҳавопаймоҳои А-50 ба Ҳукумати Федератсияи Россия муроҷиат намуд. Россия пешниҳоди Ҳукумати Хитойро қабул карда, фурӯхтани ду ҳавопайморо ба таври лизингӣ пешниҳод кард. Россия маблағи аз фурӯши ҳавопаймо бадастомадаро барои такмили он бо таҷҳизоти замонавии "Шмел-2" равона намуд. Ҳангоми сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Касянов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой пешсафии ин кишварро дарк карда, ба онҳо харидани литсензияи истеҳсоли ҳавопаймоҳои мусофиркаши ТУ-324 ва ТУ-334-ро пешниҳод кард.

Вазорати энергияи атомии Россия мақсади иштироки худро дар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ изҳор карда, ба Ҷумҳурии Халқии Хитой технологияи ҳозиразамони безарарро бо арзиши 400 млн. доллари ШМА пешниҳод намуд.

Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло гувоҳии онро дорад, ки дар асри XXI дар қатори ШМА ва Германия, Россия ҳамкори асосии Хитой мешавад.

Дар робитаҳои иқтисодии хориҷии Хитой Гонконг мақоми муҳим дорад. Аз солҳои 1980 сар карда, то лаҳзаи якҷояшавӣ муомилоти моли савдои хориҷии минтақаи Хитой ва ҷазираи

пешина
аз 785
навбатӣ