Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, мошин, дастгоҳҳо, аккумулятор, подшипникҳо, канданиҳои ғайримаъданӣ - гил ва хок, пахта, абрешим, ҷуворимакка, лӯбиё, чой, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, меваҷот, арахис, намак, матоъҳои пахтагин, молҳои кешбофӣ, саҷоқу кампалҳо, термос ва ғайра фиристонда мешуданд.

Баъди солҳои 1955-60 бо сабаби баён кардани норозигии роҳбарияти Хитой доир ба сиёсати "нодуруст"-и роҳбарияти олимақоми Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳукумати Шӯравӣ бо собиқ сарварони худ, робитаҳои иқтисодии хориҷии ин ду давлати сотсиалистӣ тадриҷан суст шуда, муомилоти савдои хориҷии онҳо маблағи ночизеро ташкил мекард. Аз ҳамкории Иттиҳоди Шӯравӣ даст кашидани Хитой, дар ояндаи наздик бо нигоҳ доштани сохтори сотсиалистӣ тамоман дигар шудани сиёсати давлати Хитой, ба олами тараққикардаи дунё кушодани дарҳои худ, гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва вусъат додани ҳамкорӣ бо давлатҳои капиталистӣ расонид.

Давраи нави вусъатгирии робитаҳои иқтисодии хориҷии Хитой бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1980-1990 рост меояд. Соли 1990 дар баробари комилан барқарор кардани муносибатҳои фарҳангӣ, илмию техникӣ, муомилоти савдои хориҷии ин ду кишвари бузург ба 3 млрд. 38 млн. доллари ШМА, аз ҷумла, содирот ба Иттиҳоди Шӯравӣ - 1337,7 млн. ва воридот - 1660,3 млн. доллари амрикоиро ташкил кард. Баъд аз пошхӯрии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлати нави Федератсияи Россия, ки он тибқи созишномаҳои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун ворис эълон шуда буд, муносибатҳои иқтисодии ин ду давлат баъд аз тасдиқи созишномаи имзошуда бо тағйироту иловаҳо суръати нав гирифт.

Ҳукумати Чин душвории гузаронидани бозсозии иқтисодиро дар мамлакати худ дарк карда, борҳо ба Ҳукумати Россия дар бобати ба роҳ мондани қонунгузорӣ, ташкили нави роҳбарии корхонаҳо, роҳҳои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ дастурамалҳои зарурӣ пешниҳод кардааст.

пешина
аз 785
навбатӣ