Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воситаи Ҷумҳурии Халқии Хитой барои онҳо як бозори азиме кушода мешавад. Аз тарафи дигар, онҳо муносибатҳои хуби бароҳмондашудаи тиҷоративу иқтисодии давлати Хитойро бо давлатҳои навбунёд ба назар гирифта, аз бойгарии ин давлатҳо, сарватҳои зеризаминии онҳо истифода бурдани буданд. Бо мақсади истифодаи қувваи арзони корӣ ва ҳарчӣ бештар наздик шудан ба мамлакатҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1992 ба Хитой якбора 11 млрд. доллари амрикоӣ сармоя ворид шуд, ки мислашро ягон давлати дунё надида буд. Бештари ин маблағ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ равона карда мешуданд. Дар асоси барномаҳои сармоягузории хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой тамоми молҳое, ки чӣ халқи Хитой ва чӣ халқҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил талабот доштанд, истеҳсол карда мешуд.
Дар ин асос маълум буд, ки Хитой дар давраҳои наздиктарин ба яке аз анборҳои содиротии бузурги истеҳсоли молҳои арзон, чун пойафзол, бозичаҳо, либосҳои бачагона, либосҳои мардонаю занона, молҳои чарчинворӣ, бижутерия, асбобу анҷоми барқӣ ва электронӣ табдил меёбад. Ва дар муддати кӯтоҳ ҳамин тавр ҳам шуд.
Аз тарафи дигар, якбора зиёд шудани ҳаҷми сармояи хориҷии давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Япония, ШМА ва кишварҳои Европа, боиси дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гаштани минтақаи аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон бо номи "Хитои Бузург" гардид. Қитъаи "Хитои Бузург" дар ҳудуди худ Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷазираҳои Гонконг ва Тайванро муттаҳид кард. Бартарии ин қитъа дар он буд, ки дар ин ҷо барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини барқ, қувваи арзони корӣ тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуд буд ва инчунин таҷрибаи бои ҷазираҳои Гонконг ва Тайван дар соҳаи маркетинги мол боиси даромади зиёди сармоягузорӣ мегардид. Чунин шароити хубро ба назар гирифта, ширкати хориҷии "Найк инкорпорейтед" аз соли 1991 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар асоси маводи зиёди аввалии Хитой ҳар сол зиёда аз 2 млн. ҷуфт пойафзоли варзишӣ истеҳсол карда, ба ШМА, Япония ва Европа содир мекунад. Солҳои охир ин ширкат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор