Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
шумораи коргаронро се маротиба зиёд карда, ният дорад, ки аз аввалҳои асри XXI ба бозори дохилии Хитой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойафзол ворид намояд.
Ширкатҳои мошинсозии "Фолксваген", "Форд" талаботи аҳолии Хитойро ба назар гирифта, соли 1991 маротибаи якум 500 ҳазор мошини сабукравро аз конвейер бароварданд ва солҳои минбаъда истеҳсоли онҳоро ба як миллион адад расонданд.
Бояд таъкид кард, ки қисми зиёди сармояи хориҷии ба Хитой воридшуда, бинобар арзон будани қувваи кории маълумотнок ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ бақувват (дар солҳои 1991-1999 музди якрӯзаи онҳо аз 4 то 8 доллари ШМА ) бештар барои истеҳсоли молҳои содиротӣ равона карда мешавад.
Дастгирии чунин сиёсат ба он оварда расонд, ки ҳаҷми савдои хориҷии Хитой дар соли 1999 ба 360,7 млрд. доллари ШМА расида буд, ки он қариб 40% маҷмӯи маҳсулоти миллиро ташкил дод, дар ҳолате, ки ин нишондиҳанда дар ШМА - 16,3% ва дар Япония 17,6%-ро ташкил менамуд.
Чунин нишондиҳанда иқтисодиёти Хитойро нисбат ба ШМА ва Япония дар ҳаҷми 50% ташкил дода, боиси ҳарчи зиёдтар ворид шудани сармояи хориҷӣ мегардад. Чунин шароит боиси он гардид, ки соли 1996 якбора ба Хитой ба маблағи 51 млрд. доллар, соли 1997 44,2 млрд доллар, соли 1998 43,8 млрд. доллар ва соли 1999 - 99,5 млрд. доллар сармоя ворид шуд. Ҳукумати Хитой тамоми роҳҳо ва шаклҳои воридоти сармояи хориҷиро дастгирӣ ва ҳавасманд менамояд. Барои иҷрои ин мақсад дар баробари истифодаи сармоягузории бевосита, шаклҳои гуногуни вомбаргҳо (заёмҳо) ва маблағҳои қарзӣ низ истифода бурда мешаванд.
Илова ба ин Ҳукумати Хитой ният дошт, ки ташкилотҳои байналмилалии асъорӣ ва бозорҳои байналмилалии сармоя инқилоби техникию истеҳсолии пешгирифтаро дастгирӣ карда, барои иҷрои мақсадҳои худ оид ба истеҳсоли молҳои арзони ниёзи мардум бозорҳои мамлакатҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро азхуд мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор