Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қарзҳо қисми асосии маблағҳои ҷалбшуда мебошанд. 70 фоизи нақшаҳои татбиқшударо қарзҳои давлатӣ ва вомбаргҳо ташкил медиҳанд. Ба Ҳукумати Хитой ташкилотҳои байнамилалии асъорӣ, ҳукуматҳои давлатҳои мутараққии ҷаҳон бо мақсади дастгирии бозсозии иқтисодӣ ва тадриҷан аз сохти давлатии сотсиалистӣ дур кардани давлати Хитой, қарзҳои имтизноки дарозмуддат медодагӣ шуданд.

Баъд аз ба аъзогии Бонки Ҷаҳонӣ ва Фонди байнамилалии асъор (1980) шомил шудани давлати Хитой, ҳаҷми умумии қарзи бонкӣ дар муддати 15 сол (1995) 15 млрд. долларро ташкил кард, ки аз он 25% барои тараққиёти комплекси сӯзишворию энергетикӣ, 20% барои пешрафти илм ва маориф, 20% барои тараққиёти нақлиёт, 20% барои таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ, 8% барои дастгири кардани корхонаҳои майда ва миёна, 7% барои мустаҳкам кардани соҳаи бонкӣ ва қарзӣ равона карда шуданд. Истифодаи дурусти қарзҳои ҷудошударо Бонки Ҷаҳонӣ ба назар гирифта, дар давоми солҳои 1996-2000 ба Хитой боз ба маблағи 9,8 млрд. доллари ШМА қарзи дарозмуддат ҷудо кард.

Таҷрибаи бисёрсола нишон дод, ки аз ҷамъи қарзи ҷудошуда қарзи манфиатноктар - қарзи яке аз шохаҳои Бонки Ҷаҳонӣ - Ассотсиатсияи тараққиёти байнамилалӣ мебошад, ки он аз маблағи умумии қарзи ба мӯҳлати 50 сол додааш, ҳамагӣ 0,75%-и солонаро талаб мекунад. Мувофиқи ахбороти омории Хазинаи байнамилалии асъор, таносуби қарзи умумии Хитой нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ҳамагӣ 15%-ро ташкил мекунад.

Дар баробари гирифтани қарз роҳбарияти Хитой ба сармоягузории бевоситаи хориҷӣ эътибори калон дод.

Умуман дар ҷаҳон мафҳуми сармоягузории бевоситаи иқтисодиро ҳамчун бунёди корхонаҳои муштарак, ки дар он сармояи ду давлат иштирок мекунад, корхонаҳое, ки бо маблағи сармоядорони хориҷӣ бунёд гаштаанд, барпо кардани корпорацияҳои бузурги саноатӣ бо иштироки сармояи давлати ҷалбкунанда ва якчанд давлатҳои ба ин масъала ҳавасманд, лоиҳаҳои муштарак барои истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ,

пешина
аз 785
навбатӣ