Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва чӣ берун аз марзи он маънои бурдбориро дошт. Хитойҳо дар шахсияти тоҷикони дар Тошкӯрғон сукунатдошта ба халқи асили тоҷик самимият доранд. Чунин меҳру рафоқат буд, ки Ҳукумати Хитой яке аз аввалинҳо шуда, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф кард ва дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе сафоратхонаи худ ва намояндагии тиҷоратии Хитойро таъсис дод. Бинобар ин пешрафти ин кишварро дар масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иқтидори ҳарбӣ ва таҷрибаи бой дар гузаронидани модернизатсияи мамлакат, гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ ба назар гирифта, Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба ин давлат эътибори махсусе медиҳад.

Ин аст, ки дар муддати 7 соли охир (1993-2000) Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба ин кишвари ба мо дӯст чандин маротиба сафарҳои расмӣ ва дӯстона анҷом додааст.

Сафари аввали расмии Э. Раҳмонов ба Ҷумҳурии Халқии Хитой 8 марти соли 1993 ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти сафар дар баробари вохӯриҳои расмӣ бо роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Хитой, бо комёбиҳои бадастовардаи халқи Хитой, бо кору фаъолияти корхонаҳои азим аз наздик шинос шуданд.

Дар рафти ин сафар аз тарафи сарварони давлат Зян Земин ва Э. Раҳмонов ҳуҷҷати махсус "Эъломияи муштарак оид ба истифодаи принсипҳои асосӣ дар муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой" ба имзо расид, ки мувофиқи он тарафайн соҳибистиқлолии якдигарро бори дигар эътироф карда, ба 5 принсипи давлатдории Хитой, мувофиқ омадани сиёсати Тоҷикистонро маъқул донистанд. Эъломияи имзошуда шароити мусоидро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фароҳам оварда, барои ривоҷ додани ин муносибатҳо тамоми монеаҳоро аз байн мебардорад.

Дар асоси ин эъломия дар рафти сафар байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хитой 8 созишнома ба имзо расид, аз ҷумла: Созишнома "Оид ба ҷудо кардани қарзи давлатӣ барои таҳвили мол аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон"; Созишнома "Дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод

пешина
аз 785
навбатӣ