Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

намудани кӯмаки беғаразонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой": Созишнома "Оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ"; Созишнома "Оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ"; Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. юан кредити имтиёзнок додани Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ғайра.

Дар ин сафар барои мустаҳкам кардани робитаҳои сиёсӣ протоколи ҳамкории байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой имзо карда шуд.

Мувофиқи созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҷудо кардани қарзи давлатӣ барои таҳвили мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 30 млн. юан чанд номгӯи мол, ба мисли чой, пӯшок, асбобҳои барқии барои рӯзгор ворид карда шуд.

Иҷро шудани созишномаи дар боло зикршуда, дар баробари ба молҳои истеъмолии истеҳсоли Хитой шиносонидани аҳолии Тоҷикистон, барои ҳамкории дуҷониба шароити мусоид фароҳам овард. Аз соли 1994 сар карда, робитаҳои бевоситаи тоҷирони ин ду давлат оғоз ёфт. Дар асоси созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм" ҳар моҳ садҳо тоҷирон тавассути ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ба шаҳрҳои калони наздисарҳадии вилояти мухтори Синсзян-Уйгур сафар мекунанд. Дар натиҷа, дар муддати хеле кӯтоҳ тамоми мағозаҳо, бозорҳо бо молҳои ниёзи мардуми истеҳсоли Хитой пур карда шуданд.

Дар баробари равнақу ривоҷ ёфтани соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштарак шурӯъ шуд. Сармоягузорони хориҷӣ, пеш аз ҳама ҳифзи сармояи худро талаб мекунанд. Дар ҷараёни сафари худ Президенти Тоҷикистон ба ин масъала эътибори хосае дода буд.

10 марти соли 1993 дар Пекин Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳавасмандкунӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоягузорӣ" имзо карда шуд. Ин созишнома дар муддати кӯтоҳтарин ба бунёди якчанд ширкатҳои

пешина
аз 785
навбатӣ