Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Моҳи декабри соли 1997 Кумитаи давлатии саноат ва ширкати байналмилалии Хитой - "Coder" ба мувофиқа омаданд, ки созишнома оид ба маблағгузории корхонаи ангиштсангро ба имзо расонанд.
Апрели соли 1999 бошад, Кумитаи давлатии саноат созишномаи навбатиро бо намояндагони тиҷоратии Хитой оид ба бунёди фабрикаи муштараки велосипедбарорӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонданд.
Ҳаҷми муомилоти савдои хориҷии байни ду кишвар дар давраи солҳои 1994 то соли 2000 бо нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шудааст:
Ҷадвали №42
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҳазор доллар)
с.1994 с.1995 с.1996 с.1997 с.1998 с.1999 с.2000
Муомилоти савдои хориҷӣ 8710,0 13500,0 7511,6 15318,5 5816,4 5177,0 15283,8
Содирот 7292,0 12200,0 6193,3 13392,5 4890,7 2619,0 3398,6
Воридот 1419,0 1300,0 1318,3 1926,0 925,7 2558,0 11885,2
Солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ соҳаи кишоварзиро низ фаро гирифт. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба назар гирифта, барои омӯзиши дастовардҳои ин соҳа, моҳи феврали соли 1999 ҳайати калони мутахассисонро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалӣ бахшида ба соҳаи боғдорӣ - "Кунмин-99" фиристонд.
Дар ҷараёни ин сафар байни вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ширкати байналмилалии тиҷоратии Хитою Европа Wenzhou Tian Ying, ҷамъияти саҳҳомии тиҷоратию саноатии PTS Wan MCI ва Ҷамъияти амрикоии Тараққиёт Snow Land (GROUP) Development INC созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, таҳвили техникаи кишоварзӣ ва тухмии зироатҳои ғалладона ба имзо расид.
Солҳои охир корҳои шоёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони роҳи Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ, ки дар чор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор