Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фасли сол мавриди истифода аст ва оғози сохтмони роҳи автомобилгарди Мурғоб-Кулма, баромад ба шоҳроҳи Қарақурум роҳбарияти давлати Тоҷикистон ва Хитойро рӯҳбаланд намуд. Ҷумҳурии Халқии Хитой нақша ва корҳои амалии сохтмони шоҳроҳи номбурдаро дастгирӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати расонидани кӯмак изҳор намуд.

Барои тасаввуроти бештар пайдо намудан ба шумо дар бораи ин шоҳроҳи азим маълумот пешниҳод мекунем.

Дар шарқи Тоҷикистон яке аз роҳҳои барои кишвар муҳим - роҳи автомобилгарди Ӯш-Хоруғ солҳои тӯлонӣ дар хизмати мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Дар ноҳияи Мурғоб аз ин роҳ шоҳаи роҳи автомобилгарди Мурғоб-Тохтамиш, ҷудо мешавад, ки дар километри 40-уми он роҳе вучуд дорад, ки мусофиронро ба сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой мебарад. Дарозии ин роҳ ҳамагӣ 30 км аст. Баъд аз сарҳади Тоҷикистону Хитой дар масофаи ҳамагӣ 10 км шоҳроҳи Қарақорум мегузарад. Ин шоҳроҳ, ки соли 1979 ба истифода дода шудааст, Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба Ҳиндустон, Покистон то Уқёнуси Ҳинд пайваст менамояд.

Бояд таъкид кард, ки шоҳроҳи Қарақорум даҳсолаҳои охир барои равнақу ривоҷ ёфтани ноҳияҳои қафомондаи Ҷумҳурии Халқии Хитой - вилояти Синзян-Уйгур ва ноҳияҳои шимолу шарқии Покистон нақши бузург бозидааст.

Мувофиқи стандарти байнамилалӣ ба охир расонидани ин роҳҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бағоят калон дорад. Шароити мусоиди аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ҷойгиршавии Тоҷикистон баъд аз пайваст кардани роҳҳои Тоҷикистон ба шоҳроҳи Қарақурум, кишварамонро аз минтақаи сарбастаи ҷаҳон ба минтақаи транзитии пайвасткунандаи давлатҳои Шарқи Наздик ва Дур, Осиёи Миёна бо Осиёи Ҷанубӣ табдил медиҳад. Тоҷирони Тоҷикистон ба воситаи ин шоҳроҳ барои интиқоли молҳои истеҳсоли ватанӣ ба дигар давлатҳои ҷаҳон бандарҳои давлатҳои Хитой, Покистон, Ҳиндустонро истифода мебаранд. Истифодаи роҳҳои Тоҷикистон ҳамчун роҳҳои транзитӣ натанҳо боиси афзудани боркашонии автомобилӣ мегардад, балки он ба бунёди шаҳрҳо, бунёди роҳҳои оҳан, хати интиқоли барқ.

пешина
аз 785
навбатӣ