Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

қубурҳои интиқоли нафт, гази табиӣ, телекоммуникатсия, хадамот ва ҳоказо мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи истифодаи ин роҳҳо ба конҳои азими сарватҳои табиии кишварамон - сентротсит, сурма, тилло, сангҳои қимматбаҳо, гиёҳҳо ва ғайра наздик шуда, захираҳои онро, ки тӯли ҳазорсолаҳо дастрас набуданд, ба манфиати халқи тоҷик истифода мебаранд.

Робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой солҳои охир соҳаи алоқаро фаро гирифт.
Ҳамдигарфаҳмӣ дар ин соҳа боиси дар Пекин ба имзо расидани созишномаи байнидавлатӣ гардид. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир корҳои зиёдеро нисбати вусъати ҳамкорӣ бо ширкатҳои телекоммуникатсионии Хитой, аз ҷумла бо корпорасияи тараққиёти телекоммуникатсионии "Синотек", ширкати миллии "Чайна Телеком", ассотсиатсияи телефонии минтақавии "Датанг", технологияи телекоммуникатсионии академияи Хитой ба анҷом расондааст. Ширкатҳои номбурда якҷоя бо ширкати машҳури англисӣ "Телбурн" консортсиум ташкил доданд, ки он дар тендери байналмилалӣ доир ба лоиҳаи сохтани системаи нави алоқа шабакаи рақамӣ дар Тоҷикистон, ки бо кӯмак ва дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид, иштирок карда ба комёбиҳо муваффақ шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун ҳамсояи нек ҳамеша барои мӯътадил гардидани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор ва тараққӣ ёфтани хоҷагии халқи мамлакат саъю кӯшиш намуда, дар татбиқи бозсозиҳои иқтисодӣ, ободонии пойтахт кӯмакҳои маънавӣ ва моддӣ мерасонад.

Дар асоси созишномаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки беғаразона Ҷумҳурии Халқии Хитой аз соли 1993 то соли 1995 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4,5 млн. юан кӯмакҳои башардӯстона расонидааст.

Соли 1997 Ҳукумати Хитой ба Раиси Ҳукумати Душанбе ба
муносибати ҷашни 6-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ба
маблағи 5 млн. юан - 15 адад ва дар соли 1998 ба маблағи 6 млн. юан

пешина
аз 785
навбатӣ