Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
соли 2000 - 7,1% афзуд. Дар даҳсолаи охир Ҳукумати Ҳиндустон тағйироти дар бозори ҷаҳонӣ баамаломадаро ба назар гирифта, барои пешгирӣ кардани истеҳсолоти ақибмонда барои навсозии соҳаҳои алоҳидаи саноати кишвари худ тадбирҳои амалӣ андешид. Имрӯзҳо Ҳиндустон таҷҳизоти ниҳоят мураккаби телекоммуникатсионӣ, воситаҳои техникӣ, барномаҳои худтаъминкунӣ ва идоракунии компютерҳо истеҳсол мекунад, дар даҳсолаи охири асри ХХ ба ихтирои технологияи олӣ шурӯъ намуда, дар натиҷаи ҳосил кардани атом ба истеҳсолот таҷҳизот барои тадқиқи кайҳон шурӯъ кард.
Ҳиндустони имрӯза дар тадқиқоти назариявӣ ва амалии нерӯи атом, разведкаи (кашфи) фосилавии, кайҳон, электроника ва уқёнусшиносӣ ба пешравии хеле баланд ноил гаштааст.
Дар баробари татбиқи амалии нақшаи панҷсолаи нӯҳум Ҳукумати Ҳиндустон ба гузаронидани либерализатсияи иқтисодиёти мамлакат оғоз кард. Бо тақозои замон ва хоҳиши гурӯҳи монополистони калони мамлакат, ба сектори хусусӣ имтиёзҳои зиёд дода шуд. Ба соҳибони сектори хусусӣ иҷозат дода шуд, ки дар фаъолияти соҳаҳои муҳими иқтисодӣ (ҳосил кардани нерӯи барқ, коркард ва истихроҷи нафт, нақлиёти ҳавоӣ, воситаҳои алоқа), ки пештар таҳти назорати давлат буданд, бевосита иштирок карда, намояндагиҳои ширкатҳои байналмилалиро дар шаҳрҳои калони Ҳиндустон ифтитоҳ намоянд ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҳукумат кӯмак расонанд. Барои ҳавасмандкунии соҳибкорони хусусӣ миқдори (ставкаи) андози даромадро то ҳадди ақал кам карда, тамоми маҳдудиятҳои мавҷуди садди роҳи воридоти ашёи хом ва таҷҳизоти асосӣ бардошта шуданд. Ставкаи тарифҳои гумрукӣ дар соли 1990 агар 87% бошад, дар соли 1995 ба 27% паст карда шуд. Дар асоси қонун доир ба ҳимояи сармояи хориҷӣ ба сармоядорони хориҷӣ барои харидани 51%-и саҳмияҳои 34 соҳаи муҳими иқтисодӣ шароит фароҳам оварданд. Дар саросари мамлакат хусусигардонии корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳаи хадамот, отелҳо ва дигар иншоотҳо гузаронида мешуданд. Ба роҳбарияти корхонаҳои давлатӣ ҳуқуқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор